ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Даргириҳо миёни ҷангиёни " Толибон" ва нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Бадахшон то марзи Тоҷикистон расидааст ва ҳамакнун дар вулусволии Кӯфоби Дарвоз ҷанг идома дорад, менависад Радиои Озодӣ.
Бино ба иттилоъи мақомоти амниятии Афғонистон, чаҳор фармондеҳи гурӯҳи "Толибон" дар вулусволии Кӯфоби Дарвоз дар вилояти Бадахшон, ки бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, нобуд карда шудаанд.
"Дар як даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар вулусволии Кӯфоби ин минтақа Мавлавӣ Абдурашид, Мавлавӣ Муҳаммадсафо, Мавлавӣ Мир Аҳмад ва Мавлавӣ Абдуллоҳ, ки афроди барҷастаи Толибон буданд, кушта шудаанд",- гуфт сухангӯи пулиси вилояти Бадахшон Лаълмуҳаммад Аҳмадзай.
Манбаъ меафзояд, дар ин даргирӣ нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён осеб надидаанд. Ба гуфтаи Аҳмадзай, дар ҳоли ҳозир генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулиси Бадахшон барои раҳбарии амалиёт алайҳи "Толибон" аз Файзобод ба вулусволии Кӯфоби Бадахшон рафтааст.
Ҳамзамон, Озодӣ бо такя ба сухангӯи "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид навиштааст, ки дар ин даргирӣ 8 тан аз нерӯҳои давлатӣ кушта ва ду каси дигар захмӣ шудаанд.
Қайд мешавад, ки ин барои аввалин бор аст, ки "Толибон" дар Дарвози Афғонистон аз ҳузури худ хабар медиҳанд ва бо нерӯҳои давлатӣ вориди ҷанг мешаванд.