ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Мақомоти марзбонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҷангҳо байни шӯришиёни ҷунбиши Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон ба 25-километрии хатти марзии Тоҷикистон наздик шудаанд, навиштааст "Радио Озодӣ".
Хабари наздик шудани ҷангандаҳои Толибон ба хатти марзи Тоҷикистон дар ҳоле аз сӯи марзбонҳои тоҷик садо дод, ки сокинони наздимарзии ноҳияи Фархор аз гардиши ҳавопаймо ва ҷархболҳои ҷангӣ сухан мекарданд. Ба гуфтаи марзбонон, гардиши ин ҳавопаймоҳо ба хотири назорати хатти марзи Тоҷикистон будааст.
Маҳмуд Раҳимбеков, муовини сардори қисми низомии ноҳияи Шӯрообод рӯзи 28-уми июл ба хабарнигорон гуфтааст, мусаллаҳони ҷунбиши Толибон ба 25-километрии хатти марзи Тоҷикистон дар минтақаи Шӯрообод даргириҳоеро ба роҳ андохтааст.
"Ҳоло аз тарафи сарҳадбонони Афғонистон дар ин задухурдҳо 25 нафар кӯшта шуда, аз сӯи ҷангандаҳои Толибон низ дар задухурдҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳаминро гуфтан лозим аст, ки то кунун дар хатти сарҳади Тоҷикистон ҳамлаҳои Толибон ба қайд гирифта нашудааст", — афзудааст Маҳмуд Раҳимбеков.
Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамлаҳои Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ ба нерӯҳои давлатии Афғонистон ба тарзи ногаҳонӣ ё "чирикӣ" ҷараён мегирад. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, дар Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистон низ даргириҳо ба мушоҳида мерасанд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, танҳо задухӯрдҳо дар он тарафи марз нест, ки ҷониби Тоҷикистонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, гурӯҳҳои мусаллаҳ бо истифода аз нооромиҳо дар марз қочоқи маводи мухадирро афзоиш додаанд.
Анваршоҳ Раҳимбеков, муовини сардори қисми низомӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, дар шаш моҳи сипаришуда, 13 ҳолати марзшиканӣ ва даргирӣ бо вайронкунандагони сарҳад ҷой дошт. Ба гуфтаи вай, дар ин даргириҳо 9 шаҳрванди Афғонистон кушта ва аз онҳо 600 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ӯ мегӯяд, иллати афзудани марзшиканӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, дар он сӯи марз — яъне Имом Соҳиб таҷаммӯъ кардани нерӯҳои Толибон аст.
Мақомоти тоҷик ва афғон қаблан эълон карда буданд, ки тиҷорати маводи мухаддир дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳамакнун дар дасти Толибон аст. Ҳамзамон мақомоти давлатии Афғонистон ба Тоҷикистонро кафолат доданд, ки аз наздикшавии Толибон ба марзи Тоҷикистон пешгирӣ хоҳанд кард. Аммо дар се рӯзи охир як пойгоҳи муҳими ҳарбӣ дар Бадахшони Афғонистон ва як ноҳия дар наздикии шаҳри Мазори Шариф зери назорати Толибҳо даромаданд.
Дар ҳоле, ки сокинон ноҳияи Фархор мегӯянд, ки аз садои тирпаронӣ аз он сӯи марз нигарон шудаанд, марзбонҳои тоҷик мегӯянд, ки то ҳол ҳамлаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар наздикии марз мушоҳида нашудааст.