ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тими миллии футболбозони Тоҷикистон дар феҳрасти ҷадиди ФИФА боз даҳ мавқеъро аз даст дода, дар ҷойгоҳи 158 қарор гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футбол.
Тими миллии Тоҷикистон 159 имтиёз дар ихтиёр дорад.
"Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ҷойгоҳи охирин, понздаҳумро дар ихтиёр дорад. Дар миёни тимҳои ҳавзаи Осиё тими миллии мо шаш мавқеъ поён рафта ҳамакнун ҷойгоҳи 29-ро касб кардааст", — омадааст дар хабар.
Рақибони тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" дар бозиҳои муқаддамотии сабқати ҷаҳонии соли 2018 ба таври зайл ҷойгузин шудаанд: Австралия — дар мавқеъи 61, Ӯрдун — дар ҷойи 92, Қирғизистон — 156 ва Бангладеш дар ҷойгоҳи 170.
Футболбозони тоҷик баландтарин ҷойгоҳро дар моҳи июни соли 2013 касб карда буданд —он замон тим дар ҷойи 106 феҳраст қарор дошт. Вале дар соли 2002 тими миллии Тоҷикистон ҷойгоҳи 168-касб карда буд.
Бозии наздиктарин худро тими миллии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби бозиҳои интихоботии сабқати ҷаҳонии соли 2018 дар Душанбе бо ғолиби Ҷоми Осиё-2015 — тими Австралия анҷом медиҳад.
Феҳрасти ҷойгоҳҳои тимҳои миллии футбол аз соли 1993 бад ин сӯ таҳия шуда дар он натиҷаҳои бозиҳои тими миллӣ дар чаҳор соли ахир ҳисобида мешаванд. Шакли ҷадиди ин феҳраст 3 сентябр мунташир хоҳад шуд.