ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи март дар феҳрасти ФИФА чаҳор зина пойин омадааст, хабар медиҳад сомонаи Федератсия футболи Тоҷикистон.
Дар феҳрасти ҷадиди ФИФА тими Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ягон бозии расмии анҷом надодааст, ҷойгоҳи 141 дорад. Ҳамакнун тими Мӯҳсин Муҳаммадиев 192 имтиёз дорад, ки нисбати моҳи гузашта 23 имтиёз камтар аст. Дар миёни 46 тими Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистон ба гунаи моҳи гузашта дар ҷойгоҳи 20 қарор дорад, омадааст дар хабари ФФТ.
Дар феҳрасти моҳи апрели ФИФА, ки қабл аз қаръапартоии давраи дуввуми бозиҳои довталабони Ҷоми ҷаҳонии —2018 дар Осиё, тағйироти куллӣ сурат хоҳанд гирифт.
Агар тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими Молдив (26 апрел дар Мале) ва Сурия (31 март дар Душанбе) пирӯз шавад, пас дар феҳраст мавқеъи худро беҳтар месозад.
Се ҷойгоҳи аввал дар феҳрасти феълиро ба гунаи моҳҳои қаблӣ тимҳои Олмон, Аргентина ва Колумбия ишғол карда тимҳои Ҷазоири Кука, Ангиля ва Бутан мавқеъзои охирро соҳиб шудаанд.
Дар тамоми таърихи таҳияи ин феҳраст танҳо ҳафт тим ҷойгоҳи аввалро касб кардаанд, ки панҷ тим аз Аврупо — Олмон, Италия, Фаронса, Испания, Голландия ва ду тим аз Амрикои Ҷанубӣ — Бразилия ва Аргентина мебошанд.