ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Теъдоди ашхосе, ки дар пайи инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда ҷароҳат бардоштаанд ба 200 нафар мерасад, менависад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLO News.
То ин замон шумори осебдидагонро 130 нафар унвон мекарданд.
Ба иттилоъи шабакаи телевизионӣ миёни 198 захмишуда 27 зан ва 10 кӯдак ҳам мебошанд.
Дар мавриди қурбониёни инфиҷор иттилоъи зидду нақиз мерасад. Оҷонсии Рейтер дар бораи марги 15 нафар, аммо расонаҳои дигар аз ҳалокати ҳафт-ҳашт нафар хабар медиҳанд.
Таркиш дар маҳаллаи Шоҳ Шаҳид, воқеъ дар шарқи Кобул ба амал омад. Ба тахмини мақомот террористон нияти инфиҷори яке аз иншоотҳои марбут вазорати дифоъро доштанд. Инфиҷор ба биноҳои атроф осеби ҷиддӣ расонида, зери харобаҳо шояд одамон монда бошанд.