ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар пайи инфиҷори шадид, ки шоми рӯзи гузашта дар Кобул рух дод, дастикам 42 нафар осеб бардоштанд, хабар медиҳад Sputnik дар Афғонистон.
Гузориш шудааст, ки инфиҷор дар таваққуфгоҳи вазорати адлия рух додааст.
"Ниҳодҳои амниятии Афғонистон зикр мекунанд, ки дар ин амали террористӣ аз маргхоҳ истифода нашудааст. Васоили мунфаҷира дар таваққуфгоҳи вазорати адлия гузошта шуда буд", — менависад Sputnik бо истинод ба ниҳодҳои амниятии кишвар.
Амали террористӣ ҳудуди соати 16 ба вақти маҳаллӣ дар таваққуфгоҳ замоне рух дод, ки кормандони вазоратхона баъд аз анҷоми кор озими манозили худ буданд. Аллакай мушшахас шудааст, ки васоили мунфаҷира дар дохили яке аз мошинҳо гузошта шуда буд.
То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳо масъулияти инфиҷор дар канори вазорати адлияро ба зимма нагирифтаанд.