Зуҳуров: дар Тоҷикистон 30% аҳолӣ шароити хуби беҳдоштӣ доранд

© Sputnik / Григорий СысоевШукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи панҷ соли ахир ҳукумати ҶТ барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 20 тарҳу барномаҳои вижа қабул кардааст, ки дар чаҳорчӯби онҳо беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, бо фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокӣ ва хидматҳои беҳдоштӣ Лео Хеллер мулоқот кард, менависад сомонаи парлумони кишвар.

Ба иттилоъи сарчашма, дар ҷараёни нишаст масъалаи тақвияти ҳамкориҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ин ниҳоди СММ, нақши МН-и Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ дар боби ҳифзи муҳити зист баррасӣ шудааст.

Қатъи интиқоли оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон: 40% аҳолии Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба об доранд

"Имрӯз масъалаи асосие, ки дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, аз он иборат аст, ки ба чӣ тариқ уҳдадориҳои эълоншуда метавонанд ба амалиёт ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста, татбиқи комилу амалии худро ҷиҳати беҳбуди ҳаёти ҳар фард пайдо намоянд",- иброз дошт Зуҳуров аснои сӯҳбат бо гузоришгари СММ.

Раиси МН гуфт, тавре дар ҳисоботи солҳои охир оид ба "Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола" зикр шудааст, тайи ду даҳсолаи охир  таъминоти зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. "Дар баробари ин, ҳоло ҳам 768 миллион нафар обро аз сарчашмаҳои хатарнок истеъмол намуда, тақрибан барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст".

Ба қавли Зуҳуров, имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои тозаи оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ доранд.

Ҳисобкунаки об - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши истифода аз об дар Тоҷикистон 38% боло меравад

"Тайи панҷ соли ахир ҳукумати ҶТ барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 20 тарҳу барномаҳои вижа қабул кардааст, ки дар чаҳорчӯби онҳо беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад",- илова кардааст вай.

Гуфтанист, Тоҷикистон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш, ки аз ин лиҳоз дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ташаббус  нишон додааст. Нерӯи эҳтимолии барқи мо, ки ба андозаи 527 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мегардад, то ҳол фақат ба қадри 3-4 фоиз истифода мешаваду бас.

Ҳамзамон, Лео Хеллер аз саъю талоши парлумони Тоҷикистон, вакилони алоҳида, инчунин Комиссияи экологии МН ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ таъмин намудани аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки барномаи онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0