Озода Раҳмон: 40% аҳолии Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба об доранд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкҚатъи интиқоли оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ
Қатъи интиқоли оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли муовини аввали вазири умури хориҷаи кишвар, дар ҳоли ҳозир 40 дарсади аҳолии кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкил доранд, ин вазъият дар ҳолест, ки шаст фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Таъмини об дар баъзе аз деҳоти кишвар ба мушкили бештар дучор гардидааст, изҳор дошт муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Озода Раҳмон дар ҳамоиши "Зан ва об", ки рӯзи 8 июн дар Душанбе баргузор шуд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Ҳамоиши "Зан ва об" дар чорчӯби конфронси байналмиллалии "Об барои ҳаёт", ки имрӯз дар Душанбе ифтитоҳ шуд, сурат пазируфт.

Аснои ҳамоиш Озода Раҳмон қайд кард, ки 60% обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд, аммо мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон ҳамоно боқӣ мемонад.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пан Ги Мун вориди Душанбе шуд

"Таъмини об дар баъзе аз деҳоти кишвар ба мушкили бештар дучор гардидааст ва аз камбуди об беш аз ҳама занон ранҷ мебаранд. Ин ҳолатҳо боиси дар канор мондани занон ва духтарон аз раванди таҳсил, кор ва маҳдудияти даромади молӣ мегарданд. Ҳамаи ин занон ва духтаронро водор месозад, то барои таъмини ҳуқуқҳои худ дар робита ба дастрасӣ ба об, беҳдошт, ҷилавгирӣ аз марги модар ва кӯдак, беҳбуди зиндагӣ саъю талош намоянд",- афзуд ӯ.

Озода Раҳмон аз баҳсҳо бар сари тақсими захираҳои оби минтақа ҳам сухан гуфта, аммо таъкид кард, ки Тоҷикистон бо вуҷуди дар саргаҳи об қарор доштанаш ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусбати ин мушкил будааст.

Ҳамоиши "Зан ва об" як рӯз пештар аз нишасти натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин нишасти байнулмилалӣ, ки 9 июн оғоз шуда, то ду рӯзи дигар идома хоҳад кард, намояндагони 99 кишвару созмонҳо ширкат доранд.

Лентаи хабарҳо
0