https://sputnik.tj/20150709/1015956240.html
Арзиши истифода аз об дар Тоҷикистон 38% боло меравад
Арзиши истифода аз об дар Тоҷикистон 38% боло меравад
Sputnik Тоҷикистон
Қимати баланди интиқоли оби ошомиданӣ ба сокинони кишвар, бозпардохти қарзи БАБР ва боло рафтани қурби доллари ИМА боиси зиёд шудани арзиши хадамоти корхонаи... 09.07.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-07-09T16:34+0500
2015-07-09T16:34+0500
2021-04-19T16:15+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, алимурод исломзода, бабр, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тасмими боло бурдани арзиши истифода аз оби ошомиданӣ, нархи об, зиёд шудани арзиши истифодаи об дар назара аст
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, алимурод исломзода, бабр, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тасмими боло бурдани арзиши истифода аз оби ошомиданӣ, нархи об, зиёд шудани арзиши истифодаи об дар назара аст
Арзиши истифода аз об дар Тоҷикистон 38% боло меравад
16:34 09.07.2015 (Навсозишуда: 16:15 19.04.2021) Қимати баланди интиқоли оби ошомиданӣ ба сокинони кишвар, бозпардохти қарзи БАБР ва боло рафтани қурби доллари ИМА боиси зиёд шудани арзиши хадамоти корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилу коммуналӣ” шудааст.
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилу коммуналӣ" ба далели эҳимоли муслифшавии идора арзиши истифода аз об дар Тоҷикистонро 38% боло мебарад, менависад хабаргузории "Авеста".
Хабари дар зудтарин фурсат боло рафтани қимати истифода аз обро имрӯз дар нишасти матбуотӣ мудири ин корхона Алимурод Исломзода эълом кард.
"Қимати аслии дастрас кардани об ва интиқоли як метри мукааби он 2,03 сомонӣ мебошад, вале арзиши расмии он 80 дирам муқаррар шудааст. Аз интиқоли ҳар як метри мукааб об мо 1,23 сомонӣ хисорот мебардорем. Дар назар аст арзиши об аз 80 дирам то 1,20 сомонӣ боло бурда шавад", — гуфт вай.
Мушаххас шуд, ки мушкил на танҳо ба эҳтимоли муфлисшавии корхона будааст, балки бозпардохти қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аст, ки барои беҳбуди низоми обрасонӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар $37 миллион ихтисос дода буд.
Болоравии қурби доллари ИМА мунҷар ба он шудааст, ки қарзи ин корхона ба пули миллӣ афзоиш ёфтааст.