Time: Сталин яке аз сарватмандтарин инсон дар таърихи ҷаҳон буд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкИосиф Сталин. Акс аз бойгонӣ
Иосиф Сталин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба феҳрасти сарватмандтарин шахсон, ки аз сӯйи маҷаллаи Time таҳия шудааст, Август Октавиан ва Чингизхон, Иосиф Сталин ва Ҷон Рокфеллер шомил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Маҷаллаи ҳарҳафтинаи амрикоии Time феҳрасти 10 нафари сарватмандтарин дар ҳар давру замонро таҳия кардааст.

Ин нашрия Мансу Мусу, ҳокими кишвари асрҳои миёнаи Малиро сарватмандтарин донистааст. Ба эътиқоди профессори таърихи як коллеҷи амрикоӣ Феррум Ричард Смит дар замони ҳокимияти Мусу ин кишвар бузургтарин тавлидкунандаи тилло дониста мешуд ва ба ин далел сарвати ӯро дақиқ ҳисобидан ғайримумкин аст.

Доллар - Sputnik Тоҷикистон
Сарватмандтарин президент дар ҷаҳон кист?

Ҷойгоҳи дуввум дар ин феҳрастро бунёдгузори шоҳигарии Рум Октавиан Август касб кардааст. Ба эътиқоди иқтисоддонҳо ҳазинаи император муодили тақрибан 4,6 триллион доллари ИМА ба қурби соли 2014 баробар буд.

Сегонаи сарватмандтарин ҳокимони ҷаҳонро императори Чин Шэн-Тзун идоме медиҳад, ки дар қарни 11 ҳокими аз лиҳози иқтисодӣ қавитарин кишварҳои ҷаҳон буд, ки то 30% тавлидоти нохолиси ҷаҳониро таъмин мекард.

Ҷойгоҳи чаҳорум ба Акбари I Бузург, подшоҳи империяи Муғулҳои Бузург таъаллуқ гирифтааст, ки тавлидоти ҳудуди 25% ҷаҳониро таъмин мекард. Дар замони салтанати вай нишондоди тавлидоти нохолиси миллӣ ба сари ҳар як нафар аҳолӣ муодили нишондодҳои Бритония дар замони шоҳигарии Елизаветтаи I ва мақомоти маҳаллӣ дар муқоиса бо ҳамтоёни аврупоии худ сарватмандтар буданд.

Дар ҷойгоҳи панҷум Иосиф Сталин қарор гирифтааст, ки "яке аз иқтисодҳои бузургтарини ҷаҳонро назорат мекард". Time зикр мекунад, ки ҳатто бо дарназардошти ин нукта, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ сарватҳо ба вай тааллуқ надоштанд, вале Сталин аз имкони раҳбарии тавони иқтисодӣ бархурдор буд.

Мавқеъи шашумро "сарватмандтарин амрикоии ҳар давру замон" соҳиби ширкати US Steel Эндрю Карнегӣ касб кардааст, ки аз ҳазинаи 372 миллиарди бо қурби соли 2014 бархӯрдор буд.

Forbes: Билл Гейтс боз ҳам сарватмандтарин шахс дар дунё эътироф шуд

Ҷойгоҳи ҳафтумро бунёдгузори ширкати амрикоии Standard Oil Ҷон Рокфеллер ба худ ихтисос додааст, ки боигарии вай дар соли 198 1,5 миллиард доллар арзёбӣ шуда буда ва агар онро бо қурби соли гузашта ҳисоб кунем — пас вай 341 миллиард доллар дошт.

Дар зинаи дигарӣ маҷаллаи Time паҳлавони бритонӣ Алени Зардро қарор додааст. Ба ҳангоми фавташ дар соли 1093 сарвати вай 11 ҳазор фунт стерлинг буд — ҳудуди 7% тавлидоти нохолиси миллии Британияи он замон (бо қурби соли 2014 — 194 миллиард доллар).

Дар ҷойгоҳи нӯҳум "сарватмандтарин шахси зинда" — Билл Гейтс қарор дорад. Forbes дороиҳои бунёдгузори ширкати Microsoft-ро 78,9 миллиард доллар арзёбӣ кардааст.

Ҷойгоҳи ахир дар феҳрасти 10 ҳокими сарватмандтарин дар таърихи ҷаҳон ба яке аз фармондеҳони муваффақи ҳар давру замон, поягузори салтанати муғул — Чингизхон тааллуқ гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0