ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Веб-сомонаи тиҷоратии CNN Money феҳрасти маоши раҳбарони 12 кишвари ҷаҳонро мунташир кард, ки ба бархе аз онҳо бӯҳрони иқтисодӣ таъсир гузоштааст.
Дар садри ин феҳрат раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама қарор дорад, ки солиёна $400 ҳазор маош пайдо мекунад. Зикр шудааст, ки маоши раиси ҷумҳур дар Амрико аз замони Ҷорҷ Буш ду маротиба афзоиш ёфтааст. Ба ҷуз аз ин, Обама барои масрафоташ $50 ҳазор мегирад, ки аз он андоз ситонида намешавад.
Нахуствазири Канада Стефан Харпер бо маоши солиёнаи $260 ҳазор дар мавқеъи дуввум аст ва ҷойгоҳи севвумро садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо маоши $ 234, 400 ҳазор касб кардааст. Таҳиякунандагони феҳраст зикр мекунанд, ки маоши Маркел ва вазиронаш дар авоили моҳи март 2,2% афзоиш дода шуд.
Раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Якоб Зуму бо $223,500 ҳазор дар мавқеъи чаҳорум ва дар ҷойгоҳи панҷум нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон қарор доранд. Нахуствазири Бритониё солиёна $214,782 ҳазор дарёфт мекунанд, ки ба ин маблағ ҳуқуқи узвияташ дар порлумон низ шомил мебошад.
Ҷойгоҳи шашумро дар феҳрасти маошҳо нахуствазири Ҷопон, ки дар як сол $202, 700 ҳазор маош мегирад, касб кардааст. Раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд дар ҷойи ҳафтум қарор дорад — $194, 251 ҳазор. Вале CNN Money зикр мекунад, ки агар Олланд дар соли 2012 тасмим намегирифт, ки маошаш 30% коҳиш дода шавад, вай дар ин феҳраст мавқеъи баландтареро мегирифт. Агар ин тасмим намебуд, таъкид мекунанд таҳиякунандагони феҳраст, вай феълан $274, 522 ҳазор дарёфт мекард.
Президенти Русия Владимир Путин, ки бо $136 ҳазор ҷойгоҳи ҳаштумро дорад, қаблан тасмим гирифта буд, ки ба далели бӯҳрон дар кишвари худ маоши раиси ҷумҳурро 10% коҳиш дода буд, менависад нашрияи интернетӣ.
Дар ҷойи нӯҳум ва даҳум нахуствазири Италия Маттео Рентси ($124, 600 ҳазор) ва раиси ҷумҳури Бразилия Дилма Русеф ($120 ҳазор) қарор доранд.
Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди ҷойгоҳи ёздаҳумро бо $30,300 ҳазор касб кардааст.
Дар ниҳояти ин феҳраст раиси ҷумҳури Чин Си Тсзинпин қарор дорад, ки кишвари дорои иқтисоди дуввум дар ҷаҳонро раҳбарӣ мекунад. Бо дарназардошти афзоиши маошаш дар авоили соли ҷорӣ ба 60% ҳоло ҳуқуқаш $22 ҳазор мебошад.