ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Билл Гейтс, яке аз бунёнгузорони ширкати Microsoft, миллиардери амрикоӣ дар соли 2015 барои дувумин бор пай дар пай ба унвони сарватмандтарин шахси ҷаҳон муаррифӣ шуд, иттилоъ медиҳад маҷаллаи "Forbes".
"Билл Гейтс бо 79 миллиарду 200 миллион доллар сарвати холис, дар садри ҷадвали миллиардерҳои ҷаҳон қарор дорад. Сарвати вай дар муқоиса бо соли гузашта се миллиарду 200 миллион доллар бештар шудааст",- менависад Форбес.
Афзоиши сарвати бунёдгузори ширкати Майкрасофт дар ҳолест, ки ӯ моҳи ноябри соли гузашта якуним миллиард доллар саҳми ширкати худро ба бунёди хайриявии худ ва ҳамсараш тақдим карда буд. Билл Гейтс бо ҳамроҳии ҳамсараш фаъолиятҳои густурдаи хайриявӣ дар Амрико ва Африқо ҳам доранд. Гейтс ба унвони яке аз бунёдгузорони ширкати Майкрасофт тавонистааст дар тӯли 21 соли гузашта 16 бор сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон шавад.
Ба гузориши "Форбес", дувумин шахси сарватманди ҷаҳон дар ҳоли ҳозир тоҷири мексикоӣ Карлос Слим мебошад, ки сарвати холиси ӯ 77 миллиарду 100 миллион доллар мебошад. Слим дар соли 2013 ба унвони сарватмандтарин марди ҷаҳон шинохта шуда буд.
Баъд аз ӯ низ Варрен Буффет, тоҷир ва сармоягузори амрикоӣ қарор дорад, ки бо 72 миллиарду 200 миллион доллар дар зинаи севум қарор гирифтааст. Ӯ яке аз бузургтарин барандагони феҳристи имсоли "Форбес" ба шумор меравад, ки муваффақ шудааст, ки соли гузашта 14 миллиарду 500 миллион доллар аз саҳмияҳои ширкати худ фоида ба даст биорад.
"Форбес" эълон кардааст, ки дар феҳристи имсоли он 1824 миллиардер вуҷуд дорад. Соли гузашта дар ин феҳрист 1645 нафар қарор доштанд. Феҳристи имсол 29-умин феҳристи солонаи сарватмандтарин афроди ҷаҳон аст, ки нашрияи "Форбес" мунташир кардааст.
Нафари чаҳоруми ин феҳрист Амансио Ортега, тоҷири испониёӣ ва бунёдгузори гурӯҳи муд ва фурӯшгоҳи "Zara" мебошад. "Форбес" дороии ӯро 64 миллиарду 500 миллион доллар бароварда кардааст.
Марк Сукерберг, бунёдгузори шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ бо боло рафтани панҷ зина, ба мақоми шонздаҳуми ин феҳрист расидааст. Ин аввалин бор аст, ки ӯ дар феҳристи 20 сарватманди ҷаҳон қарор мегирад. Ҷак Ма, молики бозори онлайни "Али Бобо" ҳамроҳ бо сарватманди чинии дигар дар феҳристи 50 сарватманди аввали ҷаҳон қарор гирифтаанд.
Афзоиши қимати доллар дар баробари евро ва ҳамчунин пастравии қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таъсири зиёде ба рутбабандии имсоли сарватмандони нашрияи "Форбес" доштааст.