ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. То замони анҷоми таъйин ва аломатгузории хутути марзӣ барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ бояд аз сиёсати мардумӣ ба унвони навҳаи калидӣ истифода кард, гуфт раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов, менависад Sputnik Қирғизистон.
Рӯзи сешанбе миёни сокинони рустои Кок-Таши вилояти Ботканд ва сокинони Тоҷикистон муноқиша рух дод. Ба иттилоъи Идораи давлатии марзбонии (ИДМ) Қирғизистон ҳудуди 120 атбоъи тоҷик ва 80 қирғиз ба сӯйи ҳамдигар сангпартоӣ карданд.
Ба гуфтаи сиёсатшинос, даргириҳо дар манотиқи марзии кишвар навҳаи доимӣ касб кардаанд.
"Танҳо дар сурати анҷоми раванди таъйид ва аломатгузории хутути марзӣ ин раванд имкон дорад хотима ёбад. Ҳар ду ҷониб зарурати суръат бахшидани ин равандро дарк мекунанд ва комиссияи байниҳукуматӣ иқдомоти заруриро рӯйи даст гирифтааст", — гуфт Мамадазимов.
Вай зикр кард, ки бо пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё марзҳои иттиҳоди ҳамгироӣ тавсеъа ёфтаанд ва ин амр метавонад дар дастёбӣ ба созиш мусоъидат кунад.
"Ҳамгироии ду кишвар дар бахши иқтисодӣ — интиқоли нерӯи барқ, захойири обӣ ва арсаҳои дигар дар равобити марзӣ низ асар хоҳанд гузошт", — гуфт сиёсатшинос.
Ба эътиқоди вай, дарки ин нуқта аз сӯйи сокинон, ки ду кишвар равобити дӯстона доранд, замонати суббот ва оромӣ хоҳад буд.
"То замони анҷоми таъйин ва аломатгузории хутути марзӣ барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ бояд аз сиёсати мардумӣ ба унвони навҳаи калидӣ истифода кард", — гуфт Мамадазимов.