Душанбе ва Бишкек музокироти марзиро идома медиҳанд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкДар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон 50% марз бо Қирғизистонро таъйид карда бо Ӯзбекистон 90 дарсади манотиқи марзӣ таъйид шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Душанбе ва Бишкек музокирот барои таъйин ва таъйиди хутути марзи муштаракро идома медиҳад, хабар дод ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе, менависад хабаргузории Авеста.

"Ҷонибҳо нақшаи корӣ дорад ва тибқи он ҷонибҳо куллияи масоили марбут ба ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Ҳудуди 50% хати марз таъйид шудааст ва умури таъйини қисмати боқимондаи марз идома дорад", — зикр кард вай.

Шералӣ Хайруллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳқиқи муноқиша дар марз аз сӯи Душанбеву Бишкек

Аслов ҳамчунин хабар дод, ки умури таъйин ва аломатгузории марз бо Ӯзбакистон низ идома дорад.

"Бо Ӯзбекистон 90% хутути марз таъйид шуда таъйини 10% боқӣ мондааст", — гуфт вазир.

Раҳбари ВКХ Тоҷикистон изофа кард, ки мавзӯъи марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳалл шуда танҳо аломатгузории он боқӣ мондааст. "Марз аз рӯйи рӯдхонаи Панҷ мегузарад ва маҷрои он пайваста тағйир ёфта соҳилҳои ҳар ду тарафи марзро мешӯяд. Ба ин далел дар ин марз аломатгузорӣ зарур аст", — зикр кард вай.

Лентаи хабарҳо
0