ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Шумори тоҷикон дар Қирғизистон тайи 16 соли ахир 7,4 ҳазор афзоиш ёфта, теъдоди русҳо ду маротиба кам шудааст ва тибқи итттилоъи Кумитаи омори ин кишвар нуфуси онҳо қариб ба 370 ҳазор нафар баробар гардид, менависад хабаргузории K-News.
Манбаъ меафзояд, аҳолии Қирғизистон баъди барӯйхатгирии аввалини миллӣ, ки соли 1999 баргузор гашт, 1 миллион нафар афзуда ва бар пояи маълумоти соли 2014 дар ин кишвар 5 миллиону 776 ҳазор ба сар мебаранд.
Нуфуси аҳолии таҳҷоӣ, яъне миллати қирғиз ба 1 миллион афзоиш ёфта, ҳоло дар Қирғизистон 4,1 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Ин рақам дар 16 соли қабл муодили 3,1 миллион нафар буд.
Дар ҳисобот омадааст, алъон дар ҶҚ намояндагони 29 миллат зиндагӣ доранд.
Тоҷикон дар соли 1999 ҳамагӣ 42,6 ҳазор нафарро ташкил медоданд, ҳоло бошад шумори онҳо ба 50,1 ҳазор нафар расидааст.
Ҳамзамон, дар Қирғизистон коҳиши теъдоди русҳо, украинҳо, немисҳо ва қазоқон ба мушоҳида мерасад.
Русҳо дар маҷмӯъ 369,9 ҳазор нафар мебошанд, ҳол он ки шумори онон дар соли 1999 ҳудуди 603 ҳазор нафар арзёбӣ мегардид.