Палатаи ҳисоб: БМТ ва бонкҳо машғули “тиҷорати” асъор будаанд

© Sputnik / Амир ИсаевПалатаи ҳисоби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ дар пайи тиҷоратҳое боло мерафт, ки дар он нақши Бонки миллӣ ва кормандонаш калидӣ буд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тиҷоратҳои ғайриқонунӣ дар бозори асъор ва баландкунии арзиши арз дар ҷараёни ҳамалоти арзии Бонки миллӣ ба боло рафтани сареъи қурб дар кишвар мунҷар шуд, изҳор дошт имрӯз дар нишасти мсатбуъотӣ раиси Палатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода.

Қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ дар пайи тиҷоратҳое боло мерафт, ки дар он нақши Бонки миллӣ ва кормандонаш калидӣ буд.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Палатаи ҳисоб: қонуншиканиҳои Бонки Миллӣ боиси ҷаҳиши $ шуданд

"Бонки миллӣ ҳамалоти арзӣ анҷом дода ба 37 муъассисаи қарзӣ, аз он ҷумла 16 банк бо қурби баланд, бо изофаи аз 1% то 14% қиммат, арз мефурӯхт, ки ба ноназмӣ дар бозори арз мунҷар шуд", — тавзеъ дод вай.

Вай зикр кард, ки қурби доллар дар куллияи кишварҳо боло мерафат, аммо дар Тоҷикистон мавриди тиҷорати ғайриқонунӣ ҷой дошт.

Ҳамзамон Давлатзода хабар дод, ки бозрасии Палатаи ҳисоб дар Бонки миллӣ бо дастури раиси ҷумҳур сурат гирифт, ки аз вазъи бозори арз нигарон шуда буд.

Гузашта аз ин дар соли гузашта Палатаи ҳисоб дар Бонки миллӣ барои бори нахуст бозрасии молӣ анҷом дод ва ин амр бо дастури раиси ҷумҳур баъд аз он сурат гирифт, ки БМТ ҳамчунон муҷиби хисороти молии маъмулӣ шуд.

Он замон сирқати чандмиллионии маболиғ ошкор шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси бонки миллӣ: беқурбшавии пули миллӣ омилҳои берунӣ дорад

"Ман наметавонам бигӯям, ки ин бозрасиҳои БМТ дар соли ҷорӣ ба тасмими тағйироти кадрӣ дар ин ниҳод мунҷар шуд ё хайр, аммо гуноҳи 6 корманди Бонки миллӣ собит шуда куллияи аснод ба Додситонии кулл ироъа шудаанд", — гуфт вай.

Дар Тоҷикистон биржаи вижаи хариду фурӯши арз, ки тавонад бозори асъорро танзим кунад, вуҷуд надорад ва Палатаи ҳисоб ба ҳукумат машварат додааст, ки чунин ниҳоде таъсис бидиҳад то дар оянда бозор худ тавонад равандҳои қурбиро танзим бикунад.

Лентаи хабарҳо
0