ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси тозатаъини Бонки Миллии Тоҷикистон 6 май дар парлумон дар посух ба суоли марбут ба таҳаввулоти ахир дар бозори асъор гуфт, ки "ин амр ба омили берунӣ бастагӣ дорад", менависад "Радиои Озодӣ".
Ба гуфтаи ҷаноби Нурмуҳаммадзода, дар пайи бӯҳрони молии Русия ва кам шудани мизони интиқоли пули муҳоҷирон, дар бозори асъори Тоҷикистон чунин вазъе ба амал омадааст, ки як амри муваққатӣ мебошад. Зеро, ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, ҳарчанд кам ҳам бошад, аммо шурӯъ аз моҳи апрел мизони интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш меёбад ва умед аст, ки вазъ дар бозори асъори кишвар мӯътадил хоҳад шуд.
Вай дар мавриди баста шудани марказҳои саррофӣ гуфт, ки ҳоло шуморе аз ин саррофиҳои хусусӣ дар назди бонкҳо фаъолият доранд ва бо гузашти замон фаъолияти онҳо муназзам хоҳад шуд ва талош мешавад, то бозори асъор низ ба танзим дарояд.
Умедворӣ ва хушбинии раиси тозатаъини Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди мӯътадил шудани вазъи бозори асъор дар ҳолест, ки имрӯз боз қурби доллар боло рафта ва ҳамакнун 1 доллари амрикоӣ дар саррофиҳо ба 6 сомониву 80 дирам баробар шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар чанд рӯзи ахир баҳои 1 доллар ба 6 сомониву 50 ва 52 дирам баробар буд. Аммо қурби расмии 1 доллар баробар ба 6 сомониву 28 дирам аст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи душанбеи 4 май бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ рӯзи таъйин шуданаш ба ин мақом дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буд, муҳимтарин вазифае, ки дар назди ӯ аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон гузошта шуд, ба низом даровардани бозори асъор аст.