Палатаи ҳисоб: қонуншиканиҳои Бонки Миллӣ боиси ҷаҳиши $ шуданд

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон дар панҷ соли ахири фаъолияти худ 13 миллион сомонӣ ба буҷа зарар расонида аст, ки ҳоло то 9 миллион он зарар барқарор шудааст.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб мегӯяд, қонуншиканиҳои кормандони Бонки Миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дар баробари омилҳои берунӣ боиси афзоиши қурби доллар ва поин рафтани арзиши пули миллӣ шудаанд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Бинои Палатаи ҳисоби ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Палатаи ҳисоб 38 млн сомониро ба нафъи давлат барқарор кардааст

Давлатзода, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, амалиёти харидуфурӯши долларро дар Бонки Миллӣ санҷида, муайян кардаанд, ки 37 ташкилоти қарзӣ долларро аз ин ниҳод арзон харида, баъдан то 14 фоиз қиматтар мефурӯхтаанд. Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, дар робита ба қонуншиканиҳо зимни харидуфурӯши доллар нисбати 6 корманди Бонки Миллӣ санад тартиб дода, барои чораандешӣ ба Прокуратураи генералӣ равон кардаанд.

Масъулини Палатаи ҳисоб оғози парванда алайҳи Ҷамшед Юсуфиён, собиқ муовини раиси Бонки Миллиро рад карданд.

Дар маҷмуъ, раиси Палатаи ҳисоб афзуд, ки фаъолияти 5-солаи Бонки Миллиро санҷида, дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ зарар ошкор кардаанд, ки аз ин 8-9 миллион сомонияш ба корҳои сохтмонӣ рост меояд.

"Қисме аз ин маблағҳо барқарор шуда, чораандешӣ барои барқарор намудани маблағи боқимонда идома дорад", — афзудааст Давлатзода.

Лентаи хабарҳо
0