Вазорати нақлиёт: нақби “Истиқлол” моҳи август боз мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНақби "Истиқлол. Акс аз бойгонӣ
Нақби Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 37 дарсади корҳои бозсозӣ дар дохили нақб анҷом шуда ва қарор аст дар моҳи август боқии корҳо пурра ба анҷом бирасад.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст нақби "Истиқлол" моҳи августи соли равон боз шавад, менависад хабаргузории "Озодагон".

Нақбе дар роҳи Душанбе - Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди сарвазир аз ҷараёни таъмири нақби “Истиқлол”

Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 июл зимни нишасти матбуотие дар Душанбе гуфт, ҳоло корҳои барқароркунӣ дар ин нақб идома дошта, моҳи оянда ҳаракати нақлиёт тавассути он дубора мумкин мегардад.

Муовини аввали вазири нақлиёт қайд намуд, ки айни замон корҳо дар масофаи беш аз 3 ҳазор метр ба анҷом расида, кушиш мешавад, ҳар чӣ зудтар нақби мазкур кушода шавад.

"Нақби "Истиқлол" аз 23 июни соли 2015 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати баста қарор дорад, мо имрӯз ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, аз 10 ҳазор метре, ки дар ду тарафи роҳ ду тақсим шудааст, 3 ҳазору 700 метрро ба итмом расонидем, ки тибқи ҷадвали корӣ 37 дарсади корҳои пешбинишударо ташкил медиҳад", — гуфтааст ҷаноби Мирзоев.

Ин масъули вазорат илова афзудааст, ки ҳамарӯза ҳудуди 150 метр корҳои бетонрезӣ дар нақб анҷом мешавад ва лоиҳаи алоҳида оиди ҳавокашӣ ва равшансозии нақб низ аз ташхис гузаштааст.

Маросими ифтитоҳи нақби Чормағзак - Sputnik Тоҷикистон
Фурӯ рафтани қитъаи роҳ дар нақби Чормағзак бартараф шуд

"Дар ин хусус низ бо ҷониби Эрон ҳамкорӣ дорем ва бояд ёддоште ба имзо расаду рӯзҳои наздик корҳои равшандиҳӣ ва ҳаводиҳӣ оғоз гардад", — илова кардааст Мирзоев.

Бунёди нақби "Истиқлол", ки дар гарданаи Анзоб воқеъ аст ва шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати "Собир Интернешнл" оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд.

Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0