Интиқоди сарвазир аз ҷараёни таъмири нақби “Истиқлол”

© Sputnik / Амир ИсаевНақбе дар роҳи Душанбе - Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Нақбе дар роҳи Душанбе - Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нақби мазкур 9 сол муқаддам, дар Наврӯзи соли 2006 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури вақти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба истифода дода шуда буд. Аммо то кунун корҳои таъмирсозии он нотамом боқӣ мондааст.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз раванди корҳои таъмиру тармими нақби "Истиқлол", ки ҷанубу шимоли кишварро васл мекунад, интиқод кардааст, менависад АМИТ "Ховар".

Вай 4-уми июл барои аз наздик шинос шудан ба корҳои таъмиру тармим ва навсозӣ аз нақби "Истиқлол" дидан кард. Дар ин дидор Расулзода гуфтааст, иҷрои корҳои нақшавӣ ва тармиму навсозӣ нисбатан суст ҷараён дорад.

Маросими ифтитоҳи нақби Чормағзак - Sputnik Тоҷикистон
Фурӯ рафтани қитъаи роҳ дар нақби Чормағзак бартараф шуд

Нахуствазир супориш додааст, ки барои ба роҳ мондани кори шабонарӯзӣ, дар як вақт ба роҳ мондани корҳои бетонрезӣ, таъмини саривақтии музди маоши  кормандон, афзун  намудани  нерӯи корӣ ва техникаю таҷҳизот, беҳдошти  шароити барқрасонӣ, вусъати корҳои равшаннамоию ҳавотозакунӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23-юми июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз соати 6:00 то 22:00 манъ карда шуда буд. Ҳоло ронандаҳо аз ағбаи Анзоб истифода мекунанд. Маҳдудияти ҳаракат дар нақби "Истиқлол" то охири моҳи сентябр идома меёбад.

Нақби мазкур аз тарҳҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон мебошад, соли 2006 бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон расман ба истифода дода шуда буд. Аммо бо гузашти 9 сол вазъи ин нақб ҳамоно дар ҳолати вахим қарор дорад.

Соли 2003 барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистону Эрон ба маблағи 120 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расида буд, менависад оҷонсии TojNews. Аз ин ҳисоб 64 миллион сомонӣ ба тариқи қарз ва 30 миллион бурс аз ҷониби Эрон ва боқимонда маблағ ҳамчун ҳиссаи Тоҷикистон таъмин гашт. Баъди 3 сол эълон шуд, ки нақб омода шуд. Аммо то ҳол ҳаракат дар ин нақб мушкил аст.

 Яке аз мушкилоти асосии он резиши об аз сақфи нақб мебошад, роҳи нақбро хароб мекунад. То ҳол натавонистаанд, ки пеши роҳи резиши обро гиранд. Роҳ ҳамеша дар ҳолати бад қарор доштааст.

Лентаи хабарҳо
0