Фурӯ рафтани қитъаи роҳ дар нақби Чормағзак бартараф шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookМаросими ифтитоҳи нақби Чормағзак
Маросими ифтитоҳи нақби Чормағзак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фурӯ рафтани ҷода дар дохили туннел ба далели вуҷуди обҳои зеризаминӣ сурат гирифтааст. Бозсозон обро берун кашида холигиро бо семент пур кардаанд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Фурӯ рафтани ҷода дар қисмати шимолии нақби Чормағзак, ки моҳе қабл ошкор шуда буд, рафъ шудааст, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба манбаъи худ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳайъате иборат аз намояндагони ширкати чинии "China road" ва коршиносони соҳаи кишвар маҳалли тахрибшудаи ҷоддаро бозрасӣ кард ва иқдомот барои рафъи онро мушшахас карданд.

"Дар ҷараёни бозрасии маҳал дар умқи 4 метр обҳои зеризаминӣ ошкор шуданд. Баъд аз пажӯҳиши мушшахас коршиносон ба хулосае расиданд, ки обҳои зеризаминӣ барои истифодаи минбаъдаи таъсисот хатар надорад. Дар ин муддат ширкати иҷрочӣ оби зеризаминиро берун кашидаи халоъро бо маҳлули семент пур кард", — гуфт манбаъи хабаргузорӣ.

Ба иттилои вазорати нақлиёт, куллия умури рафъи ин мушкил анҷом ёфтаанд. Ба ҳангоми иҷрои умури бозсозӣ ҳаракати васоили нақлия тавассути туннел қатъ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки нақби Чормағзак дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2013 расман мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони ин нақб, ки ҳазинааш ҳудуди 300 миллион сомонӣ ($68 миллион) аст, 15 декабри соли 2010 оғоз шуда буд. Тибқи тарҳ дарозии ин туннел 4 ҳазору 430 метр аст.

Иҷрои тарҳи сохтмони туннели Чормағзак дар чорчӯби бозсозии роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара аз ҳисоби қарзҳои ҳукумати Чин сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0