ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вакилони порлумони Италия тасмим гирифтанд ба Қрим сафар кунанд. Яке аз мубтакирони ин сафар, намоянда аз ҷунбиши "Панҷ ахтар" Манлио ди Стефано ба нашрияи "Коммерсант" гуфтааст, ки ахиран бо масъулини сафорати Русия дар Рим дар тамос шуда хостори оғози таҳияи ин сафар шудааст.
Ба гуфтаи ин узви порлумон ҳайъат аз ҳашт то даҳ нафар иборат буда, онро узви кумитаи парлумонии умури байналмиллалӣ Алессандро ди Баттиста раҳбарӣ мекунад.
Дар назар аст сафар дар авоили моҳи октябр сурат бигирад.
Узви парлумон аз ҳизби италиявии "Анҷумани Шимол" Серҷо Дивина низ хостори пайвастан ба ин сафар шудааст.
Ба гуфтаи мусоҳибони нашрия аз ҳайъати италиявӣ пешниҳоди сафар ба Қримро ба онҳо муъовини раиси кумитаи умури байналмиллалии Шӯрои федератсияи Русия Андрей Климов кардааст.
Хабар дода шудааст, ки ин ҳайъат қасд дорад ба Қрим тавассути қаламрави Русия ворид шуда ҳадафи он "дарёфти иттилоъи дақиқ дар бораи он, ки мардум дар Қрим баъд аз ҳамапурсии моҳи марти соли 2014 чӣ гуна зиндагӣ мекунанд".
Нашрия ёдовар мешавад, ки ҷунбиши "Панҷ ахтар" аз мавқеъи зидди эсовсӣ ва зиддиамрикоӣ ҷониборӣ мекунад.
Ҳамчунин дар бораи омадагӣ барои сафар ба Қрим муъовини раиси кумитаи умури байналмиллалии порлумони Маҷористон Мартон Дёндёши, яке аз раҳбарони ҳизби "Йоббик", ки миллатгаро унвон мешавад, хабар дод. Ба гуфтаи вай замони ин сафар "дар ҳафтаҳои наздик" бояд таъйид шавад.
Қаблан нашрия хабар дода буд, ки вакили порлумони Аврупо Надин Морино, ки ахиран дар ин ниҳод гурӯҳи "Барои музокироти ҷадид бо Русия"-ро таъсис додааст, низ омодагиашро барои сафар ба Қрим изҳор дошт.