ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Туркия аз ВКД Тоҷикистон маводди марбут ба қотили аслии эҳтимолии қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватовро дархост кард, хабар дод рӯзи шанбе ба хабарнигорон вазири умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода.
Вазоратхона ба гуфтаи Раҳимзода дар бораи сокини ноҳияи Восеъ Сулаймон Қаюмов иттилоъи заруриро дар ихтиёри онҳо қарор дод.
"Куллияи иттилоъи зарурӣ дар бораи Қаюмов ҷамъоварӣ шуда ба ниҳодҳои интизомии Туркия ироъа шуд. Мо аз рӯзҳои нахустин эълом дошта будем, ки дар таҳқиқи ин қатл ба таври имкон мусоъидат мекунем", — гуфт вазир.
Ба гуфтаи Раҳимзода ойиди ин мавзӯъ аз ҷониби ҳамтоёни туркӣ дархости дигаре ироъа нушадааст.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ баъд аз чанд рӯзи қатли Қувватов расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба расонаҳои туркӣ асомии қотилони эҳтимолиро хабар доданд. Дар миёни онҳо Сӯҳроб А., Баҳодур А. Ва Сулаймон Қ. буданд, аммо базудӣ ду аввалӣ озод шуданд.
Бунёдгузори "Гурӯҳи 24", яке аз раҳбарони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар Умаралӣ Қувватов шаби 6 марти соли ҷорӣ дар Стамбул кушта шуд. Қотил танҳо як тир ба сари вай андохтааст.