ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ташхиси хуни бунёдгузори ҷунбиши "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов дар Туркия, ки шаби 6 март кушта шуд, собит кардааст, ки дар таркиби хун доруи равонии "Клозапин" вуҷуд дорад, менависад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории туркии Anadolu.
Ба эътиқоди бозрасони пизишкии туркӣ, эҳтимол дорад ӯро қасд доштанд бо ин навъи доруи равонӣ заҳролуд созанд, ки пайомадҳояш беҳушӣ ва тахриби равонӣ мешавад.
"Миқдори клозапин, ки маъмулан барои мудовои бемории ҷунун истифода мешавад, дар таркиби хуни Қувватов марговар набуд, вале ин дору ба мухолиф бо мақсади заҳролуд кардани вай дода шудааст", — иқтибос овардааст аз натоиҷи ташхиси бозрасони пизишкӣ хабаргузории туркӣ.
Қувватов соли 2012 ҷунбиши мухолифи "Гурӯҳи 24"- ро замоне таъсис дод, ки тарки Тоҷикистон карда буд. Дар ҷумҳурӣ вай дар ширкати "Фароз", ки ба воридот ва фурӯши маводди сӯхтӣ машғул буд, фаъолият мекард. Худи Қувватов қаблан изҳор дошта буд, ки кишварро дар пайи фишору таҳдидҳои раҳбарият тарк кардааст.
Вай ва ҷонибдоронаш борҳо аз раҳбарияти Тоҷикистон шадидан интиқод карда онҳоро дар фасодкорӣ ва маҳалгароӣ муттаҳам кардаанд. Дар оғози моҳи сентябри соли 2014 онҳо сокинони Душанберо ба ҳамоиши эътирозӣ дар рӯзи Истиқлол дар назди бинои порлумон даъват карданд, вале ин ҳамоиш баргузор нашуд.
Соли гузашта ин ҷунбиш дар Тоҷикистон тундгаро ва фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълом шуд.
Худи Қувватов дар Стамбул шаби 6 март дар пайи шиллики тир ба сараш кушта шуд.