ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Пулиси Туркия номи муттаҳамони эҳтимолии қатли мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро эълом карданд. Инҳо Сӯҳроб Г. ва Баҳодур А. мебошанд, менависад хабаргузории "Аксам" бо истинод ба манобеъи дар ВКД кишвар.
Ба иттилоъи хабаргузорӣ, онҳо баъд аз чанд рӯзи вуқӯъи қатл боздошт шудаанд.
Қаблан муттаҳам дар қатли мухолиф Сулаймон Қаюмов изҳор медошт, ки ба Қувватов муҳофизаш тир паррондааст. Ба навиштаи рӯзномаи Hurriyet, дар ин бора муттаҳами аслӣ дар қатли Қувватов дар баёноти худ навиштааст, ки аз 12 саҳифа иборат аст.
Ба навиштаи ин расона, Қаюмов куллияи иттиҳомот мабнӣ бар он, ки гӯиё вай ба ғизои Қувватов заҳр андохта бошад ва сипас ӯро тир парронданд, радд кард.
"Ин ман набудам. Ин муҳофизаш ба вай заҳр дод. Ман ба ҳангоми қатл шоҳид набудам. Нафаре, ки маро баъд аз қатл пайдо кард, машварат дод, ки фирор кунам. Ман зуд барои парвоз ба шаҳри Алмато билет гирифтам, вале пулиси Қазоқистон аз вуруди ман ба ин кишвар ҷилавгирӣ кард ва дубораи ба Туркия фиристод ва дар ин ҷо ман боздошт шудам", — изҳор дошт Қаюмов.
Бунёнгузор ва пешвои "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов, ки тӯли се соли ахир аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард, шаби 6 март дар Истамбул кушта шуд.
Умаралӣ Қувватов ҳамроҳи хонумаш ва 5 кӯдаки хурдсоли худ як соли ахир дар Туркия иқомат дошт ва мунтазири дарёфти ҳаққи паноҳандагии СММ буд.
Дар Тоҷикистон "Гурӯҳи 24" ифротгаро эълом шудааст. Чанд тан аз ҷонибдорону аъзои он ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.