NASA дар бораи кашфи боз як “Замин” маълумот дод

© NASA/Ames/JPL-Caltech/T. Pyle via APТавозуни миёни Замин ва сайёраи Kepler-452b, Акс аз NASA
Тавозуни миёни Замин ва сайёраи Kepler-452b, Акс аз NASA - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати милии ҳавонавардӣ ва таҳқиқоти фазои кайҳонӣ (NASA) дар бораи кашфи сайёрае хабар дод, ки метавон онро “Замини дуюм” номид.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ин сайёраро телескопи "Кеплер " ба мушоҳида гирифтааст, ки маълумоти то ин замон гирдомада аз он шабоҳатҳое бо Замин дорад.

"Сайёра дар атрофи ситораҳое  давр мезанад, ки ба Офтоб монанданд. Олимон тахмин мекунанд, ки шароити он барои мавҷудияти ҳаёти сафеда мусоид бояд бошад".

Навор аз лаҳзаи ба мадор парвоз кардани киштии кайҳонии "Союз ТМА-17М"

Олимон ситораи ғароиби кашфкардаи худро Kepler-452b номидаанд ва мегӯянд диаметри он  1,6 баробар калонтар аз Замин аст ва он аз ситораҳо ба он масофае ҷойгир аст, ки метавонад дорои об бошад ва шароити мусоиде барои мавҷудияти ҳаёти сафеда дошта бошад.

Давраи гардиши он дар атрофи ситораҳо 385 шабонарӯз аст ва ҳамагӣ 5 дарсад аз нишондоди гардиши Замин фарқ мекунад.

Сайёраи тозакашфи Kepler-452, дар масофаи 1400 соли рушноӣ аз Замин қарор дорад. Он чун Офтоб ба гурӯҳи G2 дохил мешавад. Нуре, ки аз ситораҳо ба сайёра меафтад, ба нури расида ба Замин шабоҳат дорад.

Kepler-452 наздик ба 6 миллиард сол пеш пайдо шудааст, яъне 1,5 миллиард сол пештар аз Офтоб, 20 дарсад рушантар ва 10 дарсад калонтар аз рӯи диаметраш мебошад.

Олимон мегӯянд Kepler-452b 1030-умин сайёраест, ки вуҷудаш тасдиқ шудааст, аммо 4696 сайёраи дигаре дар кайҳон ба мушоҳида расида, ки баҳси вуҷуд сари онҳо хатм нашуда ва ба рӯйхати сайёраҳои кашфшуда ворид карда нашудаанд.

Телескопи кайҳонии «Кеплер», моҳи марти соли 2009 ба кор шурӯъ кардааст ва то ин дам бештар аз се ҳазор монандӣ ба сайёраҳоро ба мушоҳида гирифтааст, ки олимон дар бораи онҳо таҳқиқот мебаранд.  

Лентаи хабарҳо
0