Навор аз лаҳзаи ба мадор парвоз кардани киштии кайҳонии "Союз ТМА-17М"

Обуна шудан
Киштии кайҳонии "Союз ТМА-17М" рӯзи панҷшанбе бомуваффақият ба мадори Замин парвоз кард ва бо ИКБ (Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ) васл гардид. Навори васлашавии таҷҳизотро метавонед аз ин ҷо тамошо кунед.

Киштии кайҳонии "Союз ТМА-17М" дар ҳайати нав- Олега Кононенко (Роскосмос), Кимия Юи (JAXA) ва Челла Линдгрена (НАСА) дар вақти таъиншуда ба мадор баромад ва бо Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ васл шуд.

"Васлшавӣ бо реҷаи автоматикӣ бо модули пажӯҳишии хурди "Россвет"-и тавлидоти Русия аз бахши ИБК сурат гирифт",- хабар дод шореҳ аз пойгоҳи кайҳонии Байконур.

Яке аз батареяҳои офтобии киштии "Союз" бо ҳайати ИКБ пас аз ворид шудани таҷҳизот ба мадор боз нашуд, аммо ин ба васлшавӣ монеъа эҷод накард, иттилоъ дод НАСА,

Пас аз тасодуми киштии "Прогресс М-27М" дар рӯзи 28 апрел ин нахустин парвози кайҳонӣ буд.

Лентаи хабарҳо
0