ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тоҷикистон сармоягузории изофии Бонки ҷаҳонӣ дар маблағи $10 миллионро барои тарҳи обрасонӣ дар шаҳри Душанбе дарёфт кард, зикр шудааст дар сомонаи БҶ.
Сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки иқдомоти беҳбуди кайфияти хадамоти обрасонӣ барои сокинони Душанбе тавсеъа дода шавад. Ба ҷуз аз ин шаҳрдории Душанбе низ барои иҷрои ин тарҳ ба сурати изофӣ $1 миллион ихтисос медиҳад.
"Умури ҷадид ҳомили ивази лӯлаҳои манотиқи умдаи обрасонӣ ба манзури соҳиши талафоти фаннӣ, беҳбуди фаъолияти обтозакунӣ дар истгоҳи "Самотечная" ва омодасозии пажӯҳиши арзиши истифода аз об ва пайвастшавӣ ба онро мебошад", — омадааст дар хабар.
Феълан тарҳи дуввуми обрасонии шаҳри Душанбе иҷро мешавад, ки моҳи декабри соли 2011 ба манзури беҳбуди кайфияти обрасонӣ дар бархе аз навоҳии пойтахт тавассути азнавсозии низоми обтозакунӣ ва зербаноҳои тақсимоти он оғоз шуда буд.
Маблағи умумии ин тарҳ $16 миллион бо шумули сармоягузори аз ҳисоби будҷаи шаҳрдорӣ ба маблағи $3 миллион мебошад.
Зикр мешавад, ки сармоягузории изофӣ барои тақсими об ба манотиқе, ки феълан дар ин замина осебпазир мебошанду дар он ҷо дар бештаре аз маворид тирагии об мушоҳида мешавад, равона шудааст.