Воридоти васоили нақлия ба Тоҷикистон се маротиба коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Амир ИсаевБозори мошин дар Душанбе
Бозори мошин дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Идораи гумрук коҳиши вориди васоили нақлия ба Тоҷикистонро ба коҳиши қобилияти харидории аҳолии кишвар марбут медонанд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 6,1 ҳазор адад шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15,1 ҳазор адад камтар аст, хабар доданд дар Идораи гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи омори гумрукӣ дар шаш моҳи соли 2014 ба Тоҷикистон 21 ҳазору 200 адад васоили нақлия ворид карда шуда буд, аммо дар нимсолаи соли 2015 коҳиши себаробарии воридот мушоҳида мешавад.

Ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-декабри соли 2014. Акс аз Хадамоти матбуотии президент - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон

"Қобилияти харидори дар дохили кишвар коҳиш ёфтааст, ки ба воридоти васоили нақлия таъсир гузоштааст. Дар бозори мошин харидор нест", — зикр карданд дар ниҳод.

Коҳиши харидории васоили нақлия ва воридоти он ба талабот ба маводди сӯхтӣ таъсир гузошта ба ин тартиб ба коҳиши воридоти анвои мухталифи маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон мунҷар шудааст.

Дар нимсолаи аввал тавассути қаламрави Тоҷикистон интиқолоти муҷаддади 169 адад васоили нақлия ба Афғонистон сурат гирифтааст. Дар ниҳоди гумрукӣ тавзеъ доданд, ки Идораи гумруки Тоҷикистон барои интиқоли муҷаддади васоили нақлия пардохти изофӣ тақозо намекунад.

Нодорӣ (камбизоатӣ) дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон 7 млн. доллар медиҳад

Дар Тоҷикистон ҳамчунин коҳиши талабот ба маводди ғизоӣ, сохтмонӣ, аз ҷумла тсемент мушоҳида мешавад.

Аммо дар мавриди тсемент дар Идораи гумрук зикр карданд, ки далели коҳиши воридоти ин маводди сохтмонӣ ба афзоиши тавлидоти он дар дохили кишвар рабт дорад.

Бояд тазаккур дод, ки коҳиши қобилияти харидорӣ дар дохили кишвар ва дар пайи он коҳиши воридот ба коҳиши ҷамъоварии аворизи гумрукӣ дар ҳаҷми 20% мунҷар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0