Супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон

© Фото : Страничка пресс-службы президента РТ на Facebook Ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-декабри соли 2014. Акс аз Хадамоти матбуотии президент
Ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-декабри соли 2014. Акс аз Хадамоти матбуотии президент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи навбатии ҳукумат, ки дар ҷараёни он нақшаи корӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 ва тадбирҳои иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015” баррасӣ гардид, шоми 29 декабр дар Душанбе сурат пазируфт.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фармоиши ҳукумат дар бораи таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2018, истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна муҳокима шуд, менависад сомонаи президент.

"Таъкид гардид, ки барои иҷрои нишондодҳои буҷети давлатӣ, истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд",-қайд мекунад Хадамоти матбуотии райисҷумҳур.

Тавре иттилоъ дода шуд, давоми 5 сол дар 53.562 га боғу токзори нав бунёд ёфт, ки ин баробар ба 114,2% нишондодҳои фармони мазкур аст. Раҳмон таъкид дошт, ки ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва боғу токзори меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад, зеро талабот дар хориҷи кишвар ба меваю сабзавоти Тоҷикистон хеле зиёд аст.Ҳамчунин дастур дода шуд, ки аз обу ҳавои ҳозираи водиҳои Тоҷикистон пурсамар истифода бурда, дар мавсими кунунӣ ниҳолшинонӣ аз ҳозир вусъат дода шавад ва таъкид гардид, ки барои ниҳолшинонӣ аз баҳор дида ҳоло беҳтар аст.

Ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд.

Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015-2017, Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шуд.

Дар интиҳои маҷлис доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2014 ва муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2015 ва солҳои баъдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0