Русия барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон 7 млн. доллар медиҳад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинНодорӣ (камбизоатӣ) дар Тоҷикистон
Нодорӣ (камбизоатӣ) дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия барои коҳиши камбизоатӣ дар 9 ноҳияи вилояти Суғд 7 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин маблағҳо ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои хурд, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Лоиҳаи санади беҳсозии вазъи зиндагӣ ва маишати 9 ноҳияи шимоли кишвар миёни Барномаи рушди СММ (БР СММ) ва Вазорати рушди иқтисоду савдои ҶТ ба имзо расид, менависад сомонаи вазорат.

Тарҳи мазкур, ки 6,7 миллион доллари амрикоӣ зимни он масраф хоҳад шуд, аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ гардида, татбиқи лоиҳа ба зиммаи БР СММ ва Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон вогузор шудааст.

Ба қавли вазир Шариф Раҳимзода, ин пружа давоми мантиқии барномаи рушди соҳаи кишоварзии БР СММ буда, он дар соли 2010 оғоз гардида буд.

"Мақсади барнома кам кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд дар вилояти Суғд буд. Дар доираи ин тарҳ 14 ноҳияи шимоли кишвар аз маблағҳои барнома бархӯрдор шуданд",-гуфт Раҳимзода.

Дар чорчӯби барнома, ба қавли вазир, кӯмак ба фазои тиҷҷорати хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар 9 ноҳияи вилояти Суғд пешбинӣ шудааст. Аммо кадом навоҳӣ шомили тарҳ гаштаанд, иттилои дақиқ рӯи даст нест.

Лентаи хабарҳо
0