Шӯрои бадеӣ муҳтавои барномаҳои ТВ-ро назорат мекунад

© Flickr \ flash.proТелевизор
Телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин ба баъд муҳтавои барномаҳои шабакаҳои Кумитаи ТВ-ро Шӯрои бадеӣ назорат мекунад ва барои пахши барномаҳо ризоият медиҳад.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон як Шӯрои бадеӣ ташкил шудааст, ки минбаъд муҳтавои барномаҳои телевзионҳои давлатиро назорат мекунад, гуфт Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи ТВ.

60 000 “диск” аз сӯи Кумитаи ТВ маҳв шудааст

"Ин Шӯро муҳтавои барномаҳо ва гузоришҳое, ки аз ҷониби вазорату кумитаҳо ба шабакаҳои телевизионӣ фиристода мешаванд, назорат мекунад ва барои пахшашон ризоят медиҳад", — илова карда Пиров.

Вай афзуд, тағйироти кадрие, ки ахиран сар карда дар худи кумита ва тамоми шабакаҳои телевизионӣ роҳандозӣ шуд, танҳо ба хотири беҳтар кардани муҳтавои барномаҳост.

Ба иттилои раиси кумита, феълан ин ниҳод ва шабакаҳои давлатӣ аз ҷиҳати техникӣ ҳеч мушкил надоранд.

"Танҳо масъалаи кадрҳои баландихтисос аст. Мо барои пайдо кардани мутахассисон озмун эълон кардем. Мехоҳем афроди бо тахассусиро ба кор ҷалб кунем", — афзуд Пиров.

Кумитаи ТВ феълан дар ихтиёри худ 4 шабакаи телевизионӣ ва 4 шабакаи радиоӣ дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0