ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ниҳодҳои кумитаи зери раҳбарии вай бештар аз шаст ҳазор дискҳои ғайриқонунӣ аз дискфурӯшиҳо мусодира ва нобуд карда шудааст.
Вай ин иттилоъро зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе рӯзи 10 июл ироа дошт.
"Кормандони Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радио якҷоя бо кормандони Тоҷиккино дар Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рейд гузарониданд ва ин дискҳоро мусодира карданд. Ҳамчунин дар пайи рейдҳо фаъолияти студияи сабти "Детроу Рекордз" дар Душанбе, "Хит зона" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар студияҳои ғайриқонунӣ дар дигар минтақаҳо манъ ва соҳибонашон муҷозот шуданд", — гуфт Пиров.
Ин нахустин нишасти хабарии Маҳмадсаид Пиров аз замони ба мақоми раиси Кумитаи ТВ ва радио таъйин шуданаш аст. Вай қаблан муовинати вазири фарҳангро бар дӯш дошт ва то он директори Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина", раиси "Тоҷиккино" ва мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Пиров зимистони имсол дар мақоми раисии Кумитаи ТВ Асадулло Раҳмоновро иваз кард, ки ҳамакнун Раҳмонов дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ вазифаи ёварии президент дар бахши кадрҳоро ба зимма дорад.