Шамолов: гуруҳҳои тундрав нақшаи ҳамла ба Тоҷикистонро доранд

© AP Photo/Boko Haram,FileГуруҳҳои тундрав. Акс аз бойгонӣ
Гуруҳҳои тундрав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашрияи “Нигоҳ”, ки дар Душанбе ба чоп мерасад, бо профессори тоҷик Абдулвоҳи Шамолов дар мавриди эҳтимолияти ҳамлаи гуруҳҳои тундрав ба Тоҷикистон суҳбат кардааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Абдулвоҳид Шамолов, профессори тоҷик бар ин бовар аст, ки гуруҳҳои террористии назири Толибон, "Давлати исломӣ" ва ғайри ҳадафи ворид шудан ба Тоҷикистонро доранд, бо истинод ба нашрияи "Нигоҳ" навиштааст хабаргузории TojNews.

Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд

"Муборизаи дусадсолаи Британияи Кабир ва Русия барои зери нуфузи худ даровардани Осиёи Марказӣ ба ҳар шевае идома дорад", — афзудааст Шамолов.

Ба гуфтаи профессор, ҳоло таъсиси пойгоҳҳои ҳарбии ИМА ва НАТО дар Афғонистон дар сарҳади ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки таи садсолаи охир таҳти нуфузи Империяи Русия қарор дошт, Русияро безобита кардааст. Ва ин бесабаб нест, меафзояд профессор, чунки яке аз ҳадафҳои геостратегии Амрико ва ба хоки Афғонистон ворид шудани неруҳои низомии вай ва НАТО дар оянда татбиқ кардани ҳадафҳояшон аст.

Шамолов афзудааст, дар гирудорҳои ахири арсаи байналмилалӣ як нукта ба вузуҳ намоён ва боиси нигаронӣ аст, ки баъзе кишварҳо аз қабили Покистон, Арабистони Саудӣ, Амрико, Исроил ва Иттиҳоди Аврупо ба мақсади расидан ба ҳадафҳои худ аз гуруҳҳои ифротгароии мазҳабӣ ҳимоят ва пуштибонӣ карда, онҳоро дар сарлавҳаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии хеш қарор додаанд.

"Ба ибораи дигар, бо истифодаи моҳирона аз заъфу мушкилиҳо ва нобасомониҳои иҷтимоиву иқтисодии дохилии ин кишварҳо ҳамаҷониба судҷӯӣ карда, на танҳо дахолату нақшофаринии бегонагонро дар минтақа зиёд мекунанд, балки нақшаҳое дар сар доранд, ки тафаккури ифротгароёнаро асоси ҷаҳонбинии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор диҳанд", — илова кардааст профессор.

Ин ниятҳои геостратегӣ ва геополитикии онҳо буда, раванди мазкур хеле тӯлонӣ ва доманадор аст ва ба қавли Барак Обама, вақти хеле зиёдеро тақозо дорад, "то ин ки ба баъзе дастовардҳо" ноил шаванд. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки решаҳои дарахти тавонманде, ки Русия дар ин минтақа дусад сол қабл шинонда буд, ҳанӯз мустаҳкам буда, сараввал алоқа ва таваҷҷӯҳро нисбат ба ин давлат коҳиш дода ва баъдан онро, ба қавли Е. Примаков, "ҳамчун бозингари асосӣ аз саҳнаи байналмилалӣ берун" кунанд, бовар дорад Шамолов.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД. 2 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: тақвияти сарҳад бо ҶИА хатарҳоро аз байн мебарад

Вай дар мавриди эҳтимоляти ҳамлаи гуруҳи Толибон ба хоки Тоҷикистон гуфтааст, он гуруҳ дар доираи эъломия ва мувофиқи қарордодҳои ба имзорасида дар Доха аз таҷовуз ба кишварҳои ҳамсоя даст кашидаанд.

"Аммо ин эъломияҳо то чӣ андоза воқеият доранд ё на, назораташон хеле мушкил аст. Аз як тараф иттилооте вуҷуд дорад, ки мувофиқи он барои Толибон ва муттаҳидини онҳо гузаронидани амалиётҳо дар марзи кишварҳои муштаракулманофеъ то ҳоло манъ набошад. Аз дигар тараф, аз сарчашмаҳои мухталифи иттилооти хабарҳое дастрас гардидаанд, ки мутобиқи онҳо "Ҷунбиши исломии Туркистон" ва дигар дастаҳову ҷунбишҳои кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар шимоли Афғонистон амал мекарданд, аз зери назорати фармондеҳони Толибон баромадаанд", — изҳор доштааст Абдулвоҳид Шамолов.

Ин гуфтаҳо метавонанд ҷузъи бозиҳои сиёсӣ бошанд, зеро хабарҳое ба даст расидаанд, ки тибқи онҳо дар рафти ҷаласае, ки дар тирамоҳи соли 2014 аз ҷониби роҳбарияти Толибон бо гуруҳҳои муттаҳидин аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузарониданд, иҷозати амалиётҳо ба муқобили кишварҳои муштаракулманофеъ дода шудааст. Дар ин ё он шакл таҷрубаи бархӯрди наздисарҳадӣ бо ширкати ҷангиён, ки дар солҳои 2014 — 2015 ба қайд гирифта шудаанд, нишон медиҳанд, ки дастаҳои ҷангиёни мухолифин дар шимоли Афғонистон як манбаи асосии таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, бо қатъият изҳор доштааст профессори тоҷик.

Шӯрои низомии СПАД хатароти террористӣ ба минтақаро баррасӣ кард

Дар мавриди он ки кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешорӯи хатароти амиқтар қарор доранд, вай аз Туркманистону Тоҷикистон ном бурдааст.

"Сарҳадоти байни Афғонистон ва Ӯзбакистон хеле мустаҳкам буда, вилояти наздисарҳадии Балх босуботтарин вилояти шимоли Афғонистон маҳсуб мегардад. Ҳамин заъифии нерӯҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистону Туркманистон мувофиқи таҳлилҳои Никита Мендкович дар мақолаи "Вазъият дар шимоли Афғонистон ва хатарҳо барои Осиёи Миёна" имконоти ҳуҷум ва ҳамлаҳои ногаҳониро дар марзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд овардаанд", — афзудааст профессор Шамолов.

Дар байни ин самтҳое, ки Н. Мендкович пешбинӣ кардааст, аз ҳама хатарнок самти Бадахшон ба ҳисоб меравад, зеро ба қавли Н.Мендкович "назорати сохторҳои қудратӣ дар ин минтақа ба андозае камтар аст". Дар он ҷо нақши калидиро гуруҳҳои ҷиноии муташаккил, ки ба қочоқ машғул буда, бо дастаҳои силоҳбадаст дар Афғонистон, аз он ҷумла Толибон, робитаҳои наздик доранд, мебозанд. Имконоти истифодаи ин гуруҳҳо ба муқобили ҳукумат вуҷуд дорад. Дар оянда Толибон ва экстремистҳои Тоҷикистон метавонанд дар Хоруғ "сенарияи Фарғона"-ро роҳандозӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0