ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Расондани кӯмаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД, менависад сомонаи райисҷумҳур.
Манбаъ меафзояд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро яке аз созмонҳои нерӯманди дунё тавсиф кард ва гуфт, ки СПАД барои ҷилавгирӣ аз ҳар навъ таҳдидҳо омодааст.
"Изҳори боварӣ карда шуд, ки иҷрои пурра ва босифати қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба расондани кӯмаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд",- омадааст дар хабари манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси амалкунандаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумла гуфт, бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ҳоли ҳозир Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиянд.