Эъломи нерӯгоҳи Роғун дар бораи харидории таҷҳизот

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкЭҳдоси нерӯгоҳи Роғун дар авохири даҳаи 1980. Акс аз бойгонӣ
Эҳдоси нерӯгоҳи Роғун дар авохири даҳаи 1980. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баргузории озмун барои харидории таҷҳизоти барқӣ ва маводди сохтмонӣ барои нерӯгоҳи Роғун 13 июл дар назар аст, аммо тоҷирон метавонанд ҳоло дархости ширкат дар ин музоядаро ироъа кунанд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Мудирияти "Нерӯгоҳи Роғун" барои харидории таҷҳизоти барқӣ ва маводди сохтмонӣ ба манзури иҷрои тарҳи эҳдоси ин нерӯгоҳ озмун эълом кард, хабар медиҳад сомонаи нерӯгоҳи Роғун.

Озмун рӯзи 13 июл баргузор мешавад, вале тоҷирони воқеъӣ аз ҳамин ҳоло метавонанд пешниҳодоти худро баъд аз дарёфти асноди озмунӣ, ки қиммат 250 сомонӣ аст, ироъа кунанд.

Ба ҷуз аз ин, дар авосити моҳи июл озмун барои харидории таҷҳизоти васоили заминкобиву интиқолии ширкати амрикоии Caterpillar Inc., ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд, баргузор хоҳад шуд.

Майдони сохтмонӣ дар НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҶСК “НБО Роғун”: сохтмони Роғун соли 2016 оғоз мешавад

Интизор меравад, ки сохтмони нерӯгоҳ дар соли 2016 оғоз мешавад. Солҳои қаблӣ ҳукумати Тоҷикистон аз будҷаи кишвар барои умури бозсозиҳо дар ин таъсисот маболиғ ихтисос медод.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар авосити даҳаи 1970 оғоз шуда сохтмони садди обанбори он дар авохири даҳаи 1980 шурӯъ гардид.

Дафтари марказии Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ: сохтмони Роғун бо риояи бархе шартҳо имконпазир аст

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони нерӯгоҳ ба таълиқ дароварда шуд. 8 майи соли 1993 садди болоии рӯдхона дар пайи селоби шадид тахриб шуда обравҳо ва утоқи бузурги чархаҳо қисман зери об монданд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ҳазинаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро эълом накардааст. Панҷ сол қабл дар атрофи маблағи $2,2 миллиард сӯҳбатҳо сурат мегирифтанд, аммо феълан тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф ҳазинаи ин нерӯгоҳ ба 6 миллиард доллар расидааст.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баъд аз чанд соли тӯлонии пажӯҳиши асноди таҳиявӣ ба натиҷае расиданд, ки бо риояи куллияи талабот ва машваратҳои БҶ эҳдоси ин нерӯгоҳ имконпазир аст.

Лентаи хабарҳо
0