ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вай дар посухҳои худ изҳор доштааст, ки ҳадафи анҷоми бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи Роғун фароҳам кардани заминаҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ дар музокироти ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти кишварҳои поёноб будааст.
Дар чорчӯби ин бозрасӣ наҳваҳои мухталифи ҳалли мушкили энержии Тоҷикистон низ баррасӣ шудаанд. "Бонки ҷаҳонӣ ба ин бозрасӣ ба манзури анҷоми пажӯҳише, ки мустақилона ва бар пояи мавозини байналмиллалӣ бошад, ҷалб шуда буд", — гуфтааст вай. Дар тӯли куллияи анҷоми бозрасӣ тими фаннии бонк дар таҳқиқ ва таҳияи натоиҷи он ширкати фаъъол доштааст. Вале мушорикати ин бонк дар ин раванд ба маънии имкони сармоягузории сохтмони садди обанбори ин тарҳ нест.
Вай афзудааст, ки бозрасии асосҳои фаннӣ ва иқтисодии ин тарҳ собит карданд, ки иҷрои ин тарҳ дар сурати риояи бархе аз иқдомот ва назорат бар онҳо судовар аст. Ин пажӯҳиш собит сохт, ки бунёди садди ин обанбор дар ҳар сурат ҳеҷ пайёмадӣ манфие дар пай надорад.
Пажӯҳишгарон собит сохтанд, ки бу ҷуз аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун роҳи дигари ҳалли мушкилоти энержӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Вай афзудааст: "Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки дар сурати истифодаи нерӯгоҳи Роғун мизони маҷрои рӯдхонаи Вашро дар сатҳи феълии истифода аз нерӯгоҳи Норак ҳифз мекунад ва пажӯҳишгарон муътақиданд, ки дар истифодаи об аз сӯйи кишварҳои поёноб мушкиле эҳсос нахоҳад шуд".
Сароҷ Кумар Ҷа афзудааст, ки БҶ дар оянда низ барои ҷалби сармоягузорон ба ин тарҳ ба Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи мудири минтақавии БҶ, "Тоҷикистонро зарур аст, ки ба манзури ҷалби сармоягузорӣ бархе аз ислоҳотро анҷом бидиҳад, ки онҳо имкон медиҳанд мизони масрафи нерӯи барқ дар кишвар коҳиш дода шавад… Тоҷикистон ва кишварҳои поёноб метавонанд имкони танзими муштараки захойири обӣ дар минтақаро баррасӣ карда низоми назорати муштараки маҷрои рӯдхонаҳои фаромиллиро бар дӯш бигиранд. Ҳамчунин фаъъол сохтани тиҷорати нерӯи барқи минтақавӣ метавонад ба муъассир шудани истифодаи захойири об ва судмандии он мусоъидат кунад".