ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сохтмони бузургтарин неругоҳи барқӣ-обӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ бо зарфияти тавлидотии 3600 МВт дар доираи чор қарордоди асосӣ дар нимаи дуюми соли 2016 оғоз гардида, соли 2027 ба итмом расонида мешавад, менависад сайти ҶСК "НБО Роғун".
Барои интихоби пудратчиён ва воридкунандагони таҷҳизоти зарурии неругоҳ ҶСК тендер эълон кард, ки он 10 март ба анҷом расид. Аммо натиҷаи тендер ҳанӯз расонаӣ нашудааст.
Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қадри имкон аз дигар манбаъҳо амалӣ карда шавад. Дар мавриди маблағи тарҳ иттилоъ дода намешавад.
"Ба таъмингарон ва харидороне, ки бо қарзи бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ кафолатдор ё ба воситаи дигар маблағгузорӣ ва дорои таҷрибаи бойи ҳамин самт мебошанд ва сохтмонро амалӣ менамоянд, эҳтимол афзалият дода шаванд",- қайд мешавад дар хабари сомона.
Ба иттилоъи манбаъ, айни замон Консорсиум дар ҳайати "Tractebel Engineering", Фаронса "Coyne et Bellier" ва "ELC Elektrokonsullt", Италия ба НБО- и «Роғун" кумаки техникӣ расонида истодаанд.
Дар сомонаи ҶСК "НБО Роғун" таъид мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аллакай паҳлӯҳои бартаришударо муайян кардааст.
Ҳамин тавр, лоиҳа аз сарбанди хокии 335-метра, нақбҳои гидротехникии обпарто ва дигар намудани маҷрои дарё (бо дарозии аз 1100 метр то 1500 метр ва диаметри аз 10 то 15 м), неругоҳи зеризаминии дорои шаш адад агрегат (6 х 600 МВт), таҷҳизоти стансионии умумӣ ва ёрирасон иборат мебошад.
Зимнан, дар иттилоияи ҶСК "НБО Роғун" шарҳу тафсири дигар паҳлӯҳои пружа низ тавсиф мешавад.
Сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз соли 1976 оғоз ёфта, ҳукумати Шӯравӣ барои сохтмончиёнаш ҳатто шаҳракеро бо ҳамин ном бино кард. Аммо аз поёни солҳои 1980, вақте фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯз то рӯз яқинтар мешуд, маблағгузории сохтмони Роғун аз сӯи Маскав коҳиш ёфта, аз соли 1992, баъди суқути шӯравӣ пурра қатъ шуд. Як қисми бунёдшудаи сарбанди Роғунро дар баҳори соли 1992 сел бурд ва нақбҳои обпартояшро ҳам пур аз гил кард.
Ҳоло танҳо барои сохтани сарбанди ин нирӯгоҳ 600 миллион доллар ва барои ба кор андохтани чархаҳои аввали нирӯгоҳи Роғун, бино ба ҳисобҳо, то 2 миллиард доллар сармоя лозим аст, ки худи Тоҷикистон ба маҳзи дасти кӯтоҳи молиаш надорад. Талошҳои Душанбе барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ барои бунёди Роғун аз соли 1992 ба ин сӯ бенатиҷа мондааст.