Чин барои иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон $500 миллион иттихоз мекунад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкДеньги. Архивное фото
Деньги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони порлумони Тоҷикистон се қарордодеро тасвиб карданд, ки бар мабнои он иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар кишвар бо қарзҳои Эксимбонки Чин имконпазир мешаванд.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Бархе аз қарордодҳо, ки бо мусоъидати қарзҳои Чин иҷро мешаванд — ба маблағи умумии $509 миллион, имрӯз аз сӯйи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуданд, хабар медиҳад сойти порлумон.

Қарордоҳои тасвибшуда аз ҷумла тарҳҳоеро дар мавриди сохтмони чанд коргоҳ дар ширкати алюминии ТАЛКО, марҳилаи дуввуми маркази гарму барқдиҳии Душанбе то ба иқтидори 300 МВт ва сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа — қитъаи Ваҳдат-Ёвон дар назар доранд.

Барои сохтмони коргоҳҳои ширкати ТАЛКО ба навиштаи "Азия-Плюс" $88 миллион, барои сохтмони марҳилаи дуввуми маркази гарму барқдиҳии Душанбе, ки хазинааш $349 миллион аст Эксимбонки Чин $331,5 миллион ва ширкати "Барқи тоҷик" $17,4 миллион иттихоз медиҳанд.

Сойти порлумон хабар медиҳад, ки барои кашидани хатти роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон Чин $72 миллион қарз ҷудо кардааст.

Сохтмони коргоҳи тавлиди криолит, алюминии фтор ва асид дар чорчӯби бозсозии ширкати "ТАЛКО" соли 2008 оғоз шуда, вале ба далели бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ нотамом монда буд.

Зарфияти корхонаҳо 12 ҳазор тонн криолит ва 18 ҳазор тонн алюминии фтор дар сол аст.

Ба иттилоъи сойти ширкати ТАЛКО, умури сохтмони дар корхонаи мазкур дар Ёвон 40% ба маблағи беш аз $38 миллион иҷро шудааст. Дар соли 2008 барои анҷоми ин тарҳ $37 миллион зарур буд, вале дар солҳои баъдӣ ин рақам то ба $88 миллион афзоиш ёфт.

"Зарурати иҷрои ин тарҳ ба зарурати таҳияи манобеъи хусусӣ барои арсаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон бастагӣ дорад. Афзоиши қиммати криолит ва алюминиюми фтор ва махориҷи интиқоли он сол аз сол боло мераванд. Ин мавод барои тавлиди алюминиюм асосӣ маҳсуб ва аз хориҷи кишвар ворид мешаванд", — омадааст дар сойти ТАЛКО.

Лентаи хабарҳо
0