43% қарзи давлатии Тоҷикистон аз эътибороти Чин ташкил ёфтааст

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДолларҳо. Акс аз бойгонӣ
Долларҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарздиҳандагони дигари бузурги Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ ва БОР аст, ки мутаносибан 15,6% ва 13,3% ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷии кишварро ташкил медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Эксимбонки Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон аст ва ин ниҳод 43,1% қарзи умумии давлатии Тоҷикистонро, ки $2,1 миллиард унвон мешавад, ба худ ихтисос додааст, омадааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Бонки ҷаҳонӣ коҳиши мизони қарзии хориҷии Тоҷикистон дар авохири соли 2014 аз ҳисоби бозпардохти қарзҳоро зикр мекунад.

"Мизони қарзҳои давлатӣ ва бо кафолати давлатӣ дар нисбати тавлидоти нохолиси миллӣ аз 25,4% дар соли 2013 то ба 22,6% то 1 январи соли 2015 коҳиш ёфт. Ин амр умдатан аз ҳисоби бозпардохти бархе аз қарзҳои Чин, БОР ва Бонки исломии рушд ба даст омадааст", — омадааст дар гузориш.

Қарздиҳандагони дигари бузург Бонки ҷаҳони ва БОР мебошанд, ки мутаносибан 15,6% ва 13,3% ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷии кишварро ташкил медиҳанд.

Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст

Бо вуҷуди ин мавориди мусбат Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунад, ки вазъи будҷаи давлатӣ ва мизони қарзҳои Тоҷикистон ноустувор буда осебпазир мебошанд.

"Вазъи молии будҷа ва мизони қарзҳо бо дарназардошти наҳваи рушд ҳамчунон нуктаи заъфи бахши пулситонии кишвар боқӣ мондааст. Ин амр ба афзоиши масраф, содироти андак ва бастагӣ аз сармоягузории имтиёзнок марбут аст. Хатарот ба далели осебпазирии бахши молиёт аз фаъолияти корхонаи давлатӣ ташдид мешаванд", — зикр мекунанд муаллифони гузориш.

Дар гузориш зикр мешавад, ки дар маҷмӯъ коҳиши талабот ба алюминиё ва панба ба бахши содиротии Тоҷикистон асароти номатлуб гузоштааст.

Аммо бо вуҷуди коҳиши чашмраси тавлиди алюминиё ва матоъ мизони рушди бахши саноъатӣ ба далели роҳандозии корхонаҳои нав андаке афзоиш ёфтааст. Ба унвони мисол корхонаҳои тавлиди семент, зуғолсанг ва ғайра.

Коҳиши рушди бахши хадамот, ки бозгӯйи талаботи дохилӣ мебошад, умдатан аз афзоиши сареъи бахши сохтмон дар тӯли сол ҷуброн мешавад.

Лентаи хабарҳо
0