ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳудуди ду сад нафар муътаризгарон дар маркази пойтахти Арманистон боқӣ монда эътирозоти чандрӯзаи худро идома медиҳанд, хабар медиҳад РИА Новости аз маҳалли эътирозот.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, муътаризон пас аз бедор шудан аз хоб ба танзими маҳалли эътироозот шурӯъ карданд.
Зикр шудааст, ки дар хиёбони Маршал Баграмян умдатан донишҷӯёни донишгоҳҳо ва ҷавонони бекор боқӣ мондаанд. Бузургсолон маъмулан ба эътирозот шомгаҳон мепайванданд. Онҳо ба суфуфи муътаризон баъд аз анҷоми рӯзи корӣ пайваста то соъати ду-сеи шаб меистанду сипас ба манозили худ мераванд. Дар хиёбон танҳо фаъолони эътирозот боқӣ мемонанд. Онҳо мерақсанду овозхонӣ карда бо ҳамдигар табодули ахбор мекунанд. Ҳавои нарм, ки дар Ереван ҳукмфармост, имкон медиҳад, ки онҳо дар хиёбон бихобанд.
Ба иттилоъи хабаргузорӣ, ки ба худи муътаризгарон истинод мекунад, шаб дар Ереван бидуни ҳолатҳои изтирорӣ гузашта пулис алайҳи эътирозгарон иқдоми ҷиддие рӯйи даст нагирифтааст. Танҳо мавриде, ки пулис ба муътаризон даъво дошт, ба ин нукта марбут буд, ки эътирозгарон сарфи назар аз дархости пулис зери садои баланди мусиқӣ аз рӯзи мавлуди раиси ҷумҳур Серж Саргсян (30 июн) таҷлил карданд.
Аз субҳ муътаризгарон ба танзими маҳалли пойгоҳи худ дар хиёбони Маршал Баграмян оғоз карданд. Дар ин амр ба онҳо кормандони шаҳрдорӣ, ки ба назди пойгоҳ мошини интиқоли ашқолро оварданд, кӯмак мекунанд. Пойгоҳи муътаризон таҳти муроқибати маъмурони пулис қарор дорад.
Далели оғози ин эътирозот, ки дар Ереван 19 июн шурӯъ шуд, тасмими мақомот барои 16% боло бурдани истифода аз нерӯи барқ мебошад. Шаби 23 июн муътаризгарон роҳпаймоӣ ба назди дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар хиёбони Маршал Баграмян баргузор карданд.
Маъмурони интизомӣ барои истифода аз таҷҳизоти вижа алайҳи муътаризгарон водор шуданд. Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 240 нафар бо шумули хабарнигорон ба пулис эъзом шуданд. 18 нафар ба пизишкон муроҷиъа карданд.
Раиси ҷумҳури Арманистон дар пайи ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли ин қазия ахиран пешниҳод кард, ки бозрасии далоили боло бурдани қиммати нерӯи барқ анҷом дода шавад. То замони анҷоми ин бозрасӣ ҳукумат қиммати болоравии арзиши нерӯи барқро ҷуброн мекунад. Ин хабар ба вуҷуди шикоф дар суфуфи муътаризон мунҷар шуд. Бархе аз онҳо аз омодагии худ барои қатъи эътирозот эълом карда, бахши аслӣ ҳамчунон ба масдудкунии хиёбони Баграмян идома медиҳанд.