ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бозигарони хориҷӣ набояд ба вазъи Арманистон мудохила карда бавижа онро ба суди худ истифода кунанд, иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони раиси Иттиҳоди армантаборони Русия, сафири хайрхоҳи ЮНЕСКО Ара Абрамян.
Эътирозот дар Ереван баъд аз тасмими комиссияи танзими хадамоти ҷамъиятӣ барои аз 1 август 16% боло бурдани арзиши нерӯи барқ, ки 17 июн тасвиб шуда буд, срута гирифтанд.
Ҳайъатҳои ИА дар Арманистон ва ҳамчунин сафоратҳои ИМА ва Бритониё баёнияҳоеро пахш карданд, ки дар онҳо аз истифодаи нерӯи ба эътиқоди онҳо "нобаробар" алайҳи ширкаткунандагони эътирозот изҳори нигаронӣ шудааст.
Ара Абрамян зикр кард, ки "мавҷ додани қоиқ суде нахоҳад дошт, моро зарур аст, ки аз иштибоҳоти дигарон сабақ биомӯзем". Ба эътиқоди вай, вазъияти Арманистонро шаҳрвандон ва мақомоти ин кишвар бояд ҳалл кунанд.
"Кишварҳои хориҷӣ набояд ба ин вазъият мудохила карда аз ин вазъ ба суди худ истифода кунанд. Муътақидам, ки хиради мардуми арманӣ ва раиси ҷумҳури Арманистон роҳ нахоҳанд дод, ки вазъ навҳаи идоранашаванда касб кунад", — гуфт вай.
Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки вазъи эътирозот дар Ереван навҳаи хушунатро касб нахоҳад кард.
"Ман ба хирад ва ватандӯстии ҷавонони мо эътимод дорам. Вале мақомот набояд рӯҳияи ҷавононро шикаста кунад. Мо бояд роҳеро пайдо кунем, ки ба ҳама ҷонибҳо судманд бошад. Агар чунин дарки мушкил вуҷуд дошта бошад, пас ҳама кор хуб мешавад", — изофа кард вай.
Эътирозот дар Ереван 19 июн оғоз шуданд. Боло бурдани арзиши нерӯи барқ далели ин эътирозот шуд. Ба ҳангоми парокандасозии эътирозгарон пулис аз таҷҳизоти вижа истифода кард. Ҳудуди 240 нафар бо шумули хубарнигорон ба бахшҳои пулис эъзом шуда 25 нафар ба ёрии пизишкӣ муроҷиъа карданд. Шоми рӯзи сешанбе эътирозот азсар гирифта шуд. Тазоҳуркунандагон дар майдони Озодӣ таҷаммӯъ карда ба самти кохи раёсати ҷумҳурӣ дар хиёбони Баграмян гузар кардан хостанд, аммо пулис садди роҳи онҳо шуд.