ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Пажӯҳиши "Ҳамкории байналмиллалӣ ва сиёсати сармоягузорӣ дар танзими захойири об" барои тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва танзими масоили байнисоҳавӣ ва байнидавлатии истифода аз об дар сомонаи БАОР (Бонки АвруОсиёии Рушд) мунташир шудааст.
Муаллифони ин пажӯҳиш, ки дар Ҳамоиши байналмиллалии "Об барои ҳаёт" дар Душанбе муъаррифӣ шуд, Владимир Ясинский, Александр Мироненков ва Тулеган Сарсембеков ба ҳамкории байналмиллалӣ дар масоили захойири об таъкид мекунанд.
Ба мушкили рушди энержии барқии оби, ки ба масоили истифода аз рӯдхонаҳои фаромарзӣ марбут аст, дар ин пажӯҳиш таваҷҷӯҳи вижа ихтисос шудааст.
"Истифода аз захойири энержии обӣ низоми ҳуқуқии судманди ҳамкории байналмиллалӣ ва ҳамгироии сиёсиро тақозо мекунад. Яке аз шартҳои аслии коҳиши хатароти тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахши энержии обӣ баррасии тотарҳии он бо тавзеъи комили таъсири ин тарҳ ба муҳити зисти атрофи рӯдхона ва мизони оби он мебошад", — зикр кардаанд онҳо.
Ин вазифаи хеле душвор мебошад, таъкид мекунанд муаллифони гузориш, ки навҳаҳои ҷадид ба тарҳҳои сармоягузориро мехоҳаду мутақиман ва ё ғайримустақим ба шеваҳои ҳамкориҳои байналмиллалӣ таъсир мегузорад. Ин амр барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошад.
Ба унвони мисол, ҳавзаи баҳри Арал оварда шудааст, ки ҷамъи масрафи об 1,1 маротиба бештар аз захойири воқеъии он мебошад.
"Зербаноҳои обрасонии феълӣ дар минтақа то 70-80% корношоям шуда ба бозсозии сареъ ниёз дорад. Арасаи обрасонӣ ниёзманди сармоягузории $12-$18 миллиард мебошад", — зикр шудааст дар сомона.
Судоварии секарата
Бахи аслии аҳолии сайёра дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳо иқомат дошта бархе аз ин ҳавзаҳо дар қаламрави чанд кишвар воқеъ ҳастанд. Ҳавзаҳои фаромарзии рӯдхонаҳо 148 кишвари ҷаҳонро дар бар гирифта 21 кишвар дар дохили онҳо воқеъ мебошанд. Дар кишварҳои дорои ҳавзаҳои муштараки рӯдхонаҳо беш аз 90% аҳолии сайёра зиндагӣ мсекунад.
Гузашта аз ин, обҳои болои замин бавижа рӯдхонаҳо манбаъи аслии таъмини оби аҳолӣ ва иқтисодиёт мебошад. Дар кишоварзии ҷаҳонӣ саҳми онҳо беш аз 71%, дар иқтисодиёт 87% ва таъмини оби аҳолӣ 48% мебошад.
Мизони ҷаҳонии масрафи оби ошомиданӣ феълан беш аз 10 километри кубӣ дар як шабонарӯз мебошад, ки муъодили мизони истихроҷи солоани куллияи маъодин аст. Афзоиши масрафи об мушкили камбуди захойири об дар куллияи ҷаҳон, аз ҷумла дар манотиқе, ки алаккай камбуди онро эҳсос мекунанд, шадидтар месозад.
Дар пажӯҳиш аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии тарҳҳои зербаноии марбут ба захойири об таъкид мешаванд. Ба унвони мисол, тарҳҳои обрасонӣ ва беҳдоштӣ аз судоварии зиёд бархурдоранд: ҳар як доллари ба ин бахш сармоягузорӣ шуда 3-4 доллари суд аз ҳисоби коҳиши бемории аҳолӣ ва баланд бурдани сатҳи зиндагӣ ва тавлидоти кориро таъмин мекунад.