ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Энергетика ва об метавонанд манбаъи муноқиша, ё дар ҳолати идоракунии самараноки он манбаъи ҳамкорӣ, рушди иқтисод ва сулҳу субот бошанд, изҳор дошт сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт.
"Эҳтимолан, идоракунии захираҳои муштараки об ва энергетика яке аз масъалаи муҳими стратегӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб раванд. Энергетика ва об метавонанд манбаъи муноқиша, ё дар ҳолати идоракунии самараноки он манбаъи ҳамкорӣ, рушди иқтисод ва сулҳу субот бошад",- қайд мешавад дар баёнияи сафорати ИМА.
Дар ин бора дипломати амрикоӣ аснои тақдими таҷҳизоти обрасонӣ (ирригатсионӣ) ба ҳукумати ноҳияи Исфара иброз дошт. Ин тарҳ дар чорчӯби барномаи "Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи Марказӣ" барои бунёди заминаҳои ҳамкорӣ ва додугирифти наздимарзӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон кӯмак мекунад.
Маврид ба тазаккур аст, ки бино бо сабаби сатҳи баланди таҳшиншавӣ Шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби ноҳия Исфара тоза кардани каналҳои обёриро яке аз фаъолиятҳои афзалиятнок дар минтақа эълон кард. Онҳо бурси аз USAID гирифташударо дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА барои хариди трактор сарф карданд, ки онро барои тоза кардану нигоҳ доштани канали обёрӣ истифода хоҳанд кард. Имрӯз ин трактор ба Раёсати идоракунии захираҳои оби ноҳияи Исфара супорида шуд. Шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби Қирғизистон низ қарор карданд, ки барои тоза намудани каналҳои обёрӣ трактор харид намоянд.