ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои вобаста ба об дар Тоҷикистон аз сарчашмаҳои гуногун тақрибан як миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд, гуфт Эмомалӣ Раҳмон аснои суханрониаш дар ҳамоиши байналмиллалии "Об барои ҳаёт", менависад сомонаи райисҷумҳур.
Роҳбари кишвар афзуд, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби нӯшокӣ 1 миллиарду 51 миллион доллари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 262 миллион доллари амрикоӣ ва барои анҷом додани дигар лоиҳаҳои ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 335 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шуд.
"Дар ин давра дар кишвари мо 1,5 миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кард",- қайд кард Раҳмон.
Раийсҷумҳур ба камбуди об ишора карда гуфт, бо вуҷуди ин, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мемонад, зеро сарфи назар аз дастовардҳои назарраси даҳсолаи охир, дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари таъминот бо об иҷрои вазифаи мазкур аз нақшаҳои мавҷуда хеле ақиб мондааст.
Ба гуфти президент, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар тадбиру василаҳои мухталифро истифода бурда, аз ҷумла барои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои корам саъю талоши зиёд намуда, захираҳои бузургро сафарбар месозад.