Тоҷири бозори “Саховат” дар Рамазон нархи маҳсулоташро поин бурд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБозори "Шоҳмансур"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо омадани моҳи шарифи Рамазон нархи маводи аввалия дар бозорҳои кишвар ҳамасола боло меравад, аммо имсол як тоҷири тоҷик даст ба иқдоми наҷиб зада, дар ин моҳ арзиши маҳсулоти худро коҳиш додааст.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тоҷири бозори "Саховат"-и Душанбе Иброҳим Маҷидов миёни садҳо тоҷири бозорҳои пойтахти кишвар барои аввалин бор дар моҳи Рамазон қимати маҳсулоти худро аз 20 то 30 дар сад поин бурдааст, менависад Радиои Озодӣ.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон зимни шодбоши фарорасии моҳи Рамазон аз Қуръон иқтибос овард

"Барои моҳи Рамазон маҳсулотро арзон кардем. Ба дигарон кор надорем, аммо аз поин кардани нархҳо ҳеч зарар намебинем",- гуфтааст тоҷир.

Ба қавли ӯ, аз қабл барои моҳи Рамазон омодагӣ гирифта, барои фурӯш равған, биринҷ ва дигар навъи донагиҳо ворид кард, ки дар ин моҳ харидори бештар доранд. Ҳоло як кило донагӣ ва як литр равғани ин соҳибкор аз моли соҳибкорони дигар 2 сомонӣ фарқ дорад.

Боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи Рамазон ба як анъана табдил ёфтааст. Дар ин миён, иқдоми Иброҳим Маҷидов, ки бори аввал равғану биринҷро аз 20 то 30 дарсад арзон мефурӯшад, як иқдоми бесобиқа ҳаст. 

 

Лентаи хабарҳо
0