Дар Тоҷикистон теъдоди бекорон ва корҷӯён ду баробар афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЭъломи ҷойи кор дар рӯзнома. Акс аз бойгонӣ
Эъломи ҷойи кор дар рӯзнома. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз авоили соли ҷорӣ теъдоди бекорон ва корҷӯён беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст, коршиносон далоили ин амрро ба сатҳи пойини тахассусии корҷӯён ва маоиши андак марбут медонанд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Теъдоди умумии афроде, ки дар ниҳодҳои таъмини кор расман ҳамчун корҷӯй сабти ном шудаанд 88,6 ҳазор нафар аст ва ҳудуди 60 ҳазор нафари онҳо ба феҳраст аз авоили соли ҷорӣ ворид карда шудаанд, хабар медиҳад гузориши Бозрасии вокуниши сареъ дар Тоҷикистон.

Дар моҳи май дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 323 нафар бекор сабти ном шудаанд, ки ба унвони идрорпулӣ 1 миллиону 716,6 ҳазор сомонӣ (($306,5 ҳазор) дарёфт кардаанд. Ин бад ин маънист, ки дар моҳи май давлат ба ҳар як нафар бекори сабти ном шуда ба сурати мутавассит $90 пардохт кардааст.

То 1 июни соли 2015 дар ниҳодҳои Агентии кор ва шуғли аҳолии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 88 ҳазору 628 нафар ба унвони корҷӯй сабти ном шуда 56 ҳазору 546 нафари онҳо мақоми бекорро гирифтаанд.

Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад

Тибқи омори ироъашуда, бештаре аз афроди бекор ва корҷӯй дар соли 2015 сабти ном шудаанд.

"Дар моҳҳои январ-майи соли 2015 ба Агентӣ барои кӯмак 50 ҳазору 948 нафар муроҷиъат кардаанд. Аз ин теъдод 32 ҳазору 811 нафар ба унвони корҷӯй ва 23 ҳазору 478 нафар ба унвони бекор сабти ном шудаанд", — омадааст дар гузориш.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бо мусоъидати ниҳодҳои таъмини кор 29,8% муроҷиъаткунандагон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

"Далоили аслии теъдоди андаки бо кор таъминшудагон ба ин омилҳо рабт доранд, ки бештаре аз бекорон тахассуси зарурии ҳирфаӣ ва фаннӣ надоранд ва ё ба далели таваққуфи тӯлони чунин тахассусро аз даст додаанд ва ҳамчунин мизони пасти маоши корфармоён мебошанд", — омадааст дар бозрасӣ.

Дар се моҳ ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор муҳоҷирони корӣ баргаштанд

Ба ин далел бархе аз корҷӯён ба таҳсилоти ҳирфаӣ ва корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда фиристода шуда ба беш аз 1,5 нафар барои таъсиси тиҷорати худ қарзҳои боимтиёз дода шудаанд.

Ба иттилоъи Агентии кор ва шуғли аҳолӣ дар панҷ моҳи соли 2015 83 ҳазору 520 ҷойи ҷадиди корӣ таъсис шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41,4% бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0