ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik, Маҳпора Киромова. Афзоиши мизони бекорӣ дар панҷ соли оянда идома дошта ва то соли 2019 беш аз 212 миллион нафар бекор хоҳанд мон, омадааст дар баёнияи ин созмон.
Дар гузориши тозаи "Дурнамо дар бахши таъмини кор ва иҷтимоиёт барои соли 2015" гуфта мешавад, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳилаи ҷадидие ворид шудааст, ки рушди кунди иқтисод, афзоиши мизони ноадолатӣ ва ноамниро фаро мегирад.
"Аз оғози бӯҳрони соли 2008 беш аз 61 миллион ҷойи корӣ аз даст рафта ва тибқи дурнамои мо, болоравии мизони бекорӣ то авохири ин даҳсола идома меёбад. Ин ба он маънӣ аст, ки теъдоди умуми бекорони феълӣ аз 201 миллион нафар дар соли 2019 то ба 212 миллион нафар афзоиш меёбад", — ҳушдор медиҳанд муаллифони гузориш.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки бӯҳрон бештар аз ҳама кормандони ҷавони аз 15 то ба 24 соларо фаро гирифтааст: мизони бекорӣ дар миёни ҷавонон дар соли 2014 ҳудуди 13% фаро гирифт ва тибқи пешгӯиҳо солҳои минбаъда афзоиш ёфта вазъи кормандони солхӯрда дар шароити бӯҳрони соли 2008 тақрибан бад нашудааст.
Ба ғайр аз ин, тибқи навиштаи гузоришгарон, мизони ноадолатӣ низ афзоиш хоҳад ёфт: суди 10% афроди сарватманд 30-40% кулли дороиҳоро ташкил мекунад, ҳарчанд мизони суди фақиртарин афрод ҳамагӣ аз 2 то 7% ташкил мекунад. Дар пайи ин равандҳо эътимоди мардум ба ҳукуматҳо коҳиш ёфта мизони баланди ноамниҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд, ҳушдор медиҳад Созмони муҳоҷират. Ноамнии иҷтимоӣ бавижа дар кишварҳо ва манотиқе хатарнок аст, ки дар он ҷо мизони бекорӣ миёни ҷавонон баланд аст.
Дар маҷмӯъ, ба эътиқоди гузоришгарон, вазъи кортаъминкунӣ танҳо дар ИМА ва Япония беҳбуд ёфта, вале ҳамзамон дар кишварҳои дар ҳоли рушд, бавижа, дар Урупо нигаронкунанда аст. Дар Осиёи Ҷанубӣ ва кишварҳои Африқоӣ дар ҷанубтар аз Сахара вазъи ҳифзи ҷойи кор нигаронкунанда аст. Осиёи Шарқӣ аз манотиқе дониста мешавад, ки дар қиболи ҳифзи ҷойи кор муъассиртар фаъъолият бурда, мизони онро аз 50,2% соли 2007 то ба 38,9% дар соли 2019 коҳиш медиҳад. Ҳамчунин мушкили таъмини ҷойи кор дар кишварҳои арабӣ ва бархе аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб бадтар шудааст.
Созмони байналмиллалии кор ниҳоди масъули СММ аст, ки ҳадаф дорад қавоиди баробарҳуқуқии иҷтимоӣ, муқаррароти ҳуқуқи байналмиллалии инсон барои корро таъмин кунад.