Дар се моҳ ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор муҳоҷирони корӣ баргаштанд

Обуна шудан
Қавоиди ҷадиди будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ба коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон шуд, ки ҳамакнун дар ватани худ барояшон ҷойи кор мекобанд.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар се моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 109 ҳазору 108 муҳоҷири корӣ баргаштанд, омадааст дар гузориши "Баррасӣ ва огаҳсозии бамавқеъ дар Тоҷикистон" дар моҳи апрели соли 2015.

"Дар ин муддат аз кишвар ҳамагӣ 163 ҳазору 692 муҳоҷири корӣ хориҷ шудаанд, ки ба 8,6% (14 ҳазору 77 нафар) камтар аз омори соли гузашта мебошад", — омадааст дар гузориш.

Дар моҳи марти соли 2015 теъдоди муҳоҷирони корӣ 80 ҳазору 630 нафар буд, ки дар муқоъиса бо моҳи марти соли гузашта 12,8% камтар мебошад.

Коҳиши мизони муҳоҷирати корӣ ба қавоиди ҷадиди будубош ва вуруд бо шиносномаҳои хориҷӣ ба қаламрави Русия аз 1 январи соли 2015 марбут аст, ки шароити кори атбоъи хориҷӣ дар ин кишварро сангинтар кардааст.

Ба иттилоъи Агентии кор ва шуғли аҳолии вазорати кори кишвар дар моҳҳои январу марти соли 2015 ба Агентӣ барои мусоъидат дар дарёфти ҷойи кор 18 ҳазору 969 нафар муроҷиъат кардаанд ва аз онҳо 13 ҳазору 436 нафар расман бекор дониста шуданд.

Теъдоди умумии афроде, ки дар кишвар ҷойи кор ҷустуҷӯ мекунанд 85 ҳазору 135 нафар аст. Мақоми расмии бекоронро 55 ҳазору 765 нафар доранд.

Дар се моҳ бо мусоъидати Агентӣ 9 ҳазору 518 нафар (30,2%) бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар гузориш омадааст, ки теъдоди андаки афроде, ки бо ҷойи кор таъмин шудаанд, мизони пасти омодагии ҳирфаӣ ба далели таваққуфи тӯлонӣ ва мизони пасти маош унвон мешаванд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ ду ҳазору 738 нафар ба далели бекорӣ ба маблағи умумии 952,5 ҳазор сомонӣ (177,2 ҳазор доллар) кӯмакпулӣ дарёфт карданд.

Ба иттилоъи Агентии кор ва шуғли аҳолӣ дар се моҳи соли 2015 47 ҳазору 605 ҷойи нави корӣ таъсис шудааст, ки дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 49,6% (31 ҳазору 816) бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0