ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии КДАМ мегӯяд, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафари мусаллаҳ аз гуруҳҳои тундрав қарор доранд, навиштааст "Радиои Озодӣ".
Вай афзудааст, ки ин гуруҳҳо бештар дар минтақаҳои Кундуз, Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб ҷойгир мебошанд.
Ин оморро генерали тоҷик дар ҳоле гуфт, ки то ҳол расман дар бораи шумораи мусаллаҳони гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон чизе гуфта нашуда буд. Сардори раёсати марзбонони Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди он, ки дақиқ кардани онҳо, ки аз кадом гуруҳанд каме мушкил аст, аммо гуфта мешавад дар онҷо гуруҳҳои "Толибон", "Ансоруллоҳ" ва "Давлати Исломӣ" бештар фаъоланд.
Генерал Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили дифоъ ва амният рӯзи панҷшанбеи 18 июн дар оғози нишасти Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки набояд минтақаи Осиёи Миёна ба майдони рақобати қудратҳо табдил ёбад.
Ин нишаст дар бинои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" барпо шуда, раҳбарони нерӯҳои марзбонии Русия, Белорус, Молдова, Туркманистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар он ширкат варзидаанд.
Ҳамзамон ҷаноби Хайруллозода таъкид кард, ки таҳдиду хатарҳо на танҳо аз як кишвари алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида, назири Толибон, Ал-Қоида, ДОИШ аст, ки ҳатто иддае аз шаҳрвандони кишварҳои минтақа дар сафи ин гуруҳҳо меҷанганд ва пас аз бозгашт ба Ватан, метавонанд заминаи ноамнӣ ва нооромии вазъ шаванд.
Ҳамзамон Шералӣ Хайруллоев гуфт, нерӯҳое ҳастанд, ки барои мухолифат ва нооромӣ миёни кишварҳои минтақа аз масоил ва мушкилоти ҷомеа, назири тақсимоти об, минтақаҳои баҳсии марзӣ ва ғайра истифода мекунанд. Ба ин далел Шералӣ Хайруллоев ба густариши муносибатҳои ҳамсоягӣ миёни кишварҳои минтақа таъкид кард ва гуфт, ки барои аз байн бурдани мушкилоти марзӣ, талошҳо бояд сурат бигирад.
Нишасти Шӯрои раҳбарони нерӯҳои марзбонии ИДМ кори худро бо имзои санадҳо ва изҳороти матбуотӣ ба поён хоҳад расонид. Қарор аст, фардо ширкатдорони ин нишаст дар машқи низомӣ дар маркази таълимии "Пойтахт", воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ширкат кунанд.